Беш аз 2 млн доллар кӯмаки башардӯстона ба вилояти Суғд дар соли 2022

Соли 2022 ташкилотҳои байналхалқӣ ба соҳаҳои гуногуни  вилояти Суғд ба маблағи 1 миллиону 350 ҳазор доллари амрикоӣ кӯмак кардаанд. Соли 2021 ин рақам ба 1 миллиону 107 ҳазор доллар баробар буд. Дар ин бора Муҳаммадҷобир Раҷабзода, мудири шӯъбаи сармоягузорӣ ва дастгирии давлатии соҳибкории Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар вилояти Суғд  ба “Азия-Плюс” иттилоъ […]

Афзал Босолиев, махсус барои Asia-Plus

Соли 2022 ташкилотҳои байналхалқӣ ба соҳаҳои гуногуни  вилояти Суғд ба маблағи 1 миллиону 350 ҳазор доллари амрикоӣ кӯмак кардаанд. Соли 2021 ин рақам ба 1 миллиону 107 ҳазор доллар баробар буд. Дар ин бора Муҳаммадҷобир Раҷабзода, мудири шӯъбаи сармоягузорӣ ва дастгирии давлатии соҳибкории Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар вилояти Суғд  ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод

“Ин кӯмакҳо асосан аз тарафи Барномаи рушди СММ, Фонди Оқохон, ташкилоти Актед, Ҷайзер, Хелветас ва дигарҳо роҳандозӣ гардида, барои рушди соҳаи кишоварзӣ, қисман обтаъминкунӣ, тандурустӣ, маориф, дастгирии занҳои соҳибкор  ва монанди  инҳо равона карда шудааст,”-гуфт Муҳаммадҷобир Раҷабзода.

Аз ҷониби давлатҳо бошад, соли 2022 ба вилояти Суғд 962,2 ҳазор доллари амрикоӣ кӯмаки башардӯстона расонида шудааст, ки нисбат ба соли 2021 камтар аст. Соли 2021 ҳаҷми кӯмак аз ҷониби давлатҳо 1 миллиону 741 ҳазор доллари амрикоиро ташкил дода буд.

“90-95% кӯмакҳои башардӯстона аз ҷониби Русия ва Қазоқистон ба вилоят ворид гардидааст. Кӯмакҳо асосан аз маводи хӯрокворӣ,  таҷҳозоти тиббӣ  ва дорувори иборат буда, тақсимоти онро соҳаҳои марбута  ба анҷом расонидаанд”, – гуфт манбаъ.

Ба таъкиди Муҳаммадҷобир Раҷабзода соли 2021-ум аз ҳисоби пандемия кӯмакҳои башардӯстона афзуда буд.

Дар ҳамин ҳол Агентии омори ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки кишварҳои мададрасон кумаки башардӯстонаро ба Тоҷикистон қариб 12 баробар кам карданд. Шумори мададрасонҳо аз 26 кишвар дар моҳи январи соли 2022 то 19 кишвар дар моҳи январи ҳамин сол кам шуд.

Дар моҳи январи соли 2022 Тоҷикистон ба маблағи умумии зиёда аз 2,6 млн доллар кумаки башардӯстона гирифтааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.