Ҳаниф Атмар: Афғонистон ба баргузории “нишасти Бонн”-и дуюм ниёз дорад

Муҳаммад Ҳаниф Атмар, вазири корҳои хориҷии пешини Афғонистон муқовимати мусаллаҳона бо Толибонро* “бенатиҷа” хонда, пазириши “беқайду шарт”-и ин гуруҳро низ иштибоҳ номидааст ва таъкид кардааст, ки зарурати ташкили боз як “нишасти Бонн” пеш омадааст. Ӯ ин суханони худро зимни маърӯза дар як муассисаи дипломатӣ-фарҳангии Олмон, дар шаҳри Берлин иброз доштааст. “Ҷанг ва истифода аз зӯр […]

Муҳаммад Ҳаниф Атмар, вазири корҳои хориҷии пешини Афғонистон муқовимати мусаллаҳона бо Толибонро* “бенатиҷа” хонда, пазириши “беқайду шарт”-и ин гуруҳро низ иштибоҳ номидааст ва таъкид кардааст, ки зарурати ташкили боз як “нишасти Бонн” пеш омадааст.

Ӯ ин суханони худро зимни маърӯза дар як муассисаи дипломатӣ-фарҳангии Олмон, дар шаҳри Берлин иброз доштааст.

“Ҷанг ва истифода аз зӯр зидди Толибон то шикасти комили онҳо иштибоҳ аст. Чун мо ин корро дар ду даҳаи гузашта таҷриба кардем ва натиҷае, ки мехостем, нагирифтем. Ҳамчунин, пазириши беқайду шарт ин гуруҳ низ иштибоҳ аст. Аз ин лиҳоз, барои ташкили давлати ҷадид иҷрои тавофуқномаи Давҳа ва баргузории “нишасти Бонн”-и дуюм таҳти назари Созмони Миллали Муттаҳид бо ҳузури тамоми ҷараёнҳои сиёсӣ, аз ҷумла Толибон зарур аст”, – гуфтааст Ҳаниф Атмар.

Ҳаниф Атмар таъкид кардааст, ки маҳдудкунии озодиҳо ва ҳуқуқи инсон дар Афғонистон метавонад мушкили аслӣ ва омили бесуботӣ дар Афғонистон бошад. Аз ин лиҳоз, ӯ бо хитоб ба Толибон низ гуфтааст, ки “машрӯъияти давлати бидуни демократия ва адами риоя ҳуқуқи асосии мардум ғайриимкон аст”.

Бояд гуфт, ки Ҳаниф Атмар аз камтарин мақомдорони ҳукумати пешини Афғонистон аст, ки ба тавофуқномаи Давҳа бо назари нек менигарад.

Гуфтан ба маврид аст, ки конфронси Бонн моҳи декабри соли 2001 дар шаҳри ҳамноми Олмон, пас аз ҳамлаи НАТО бо роҳбарии Амрико ба Афғонистон ва суқути ҳукумати якуми Толибон, ҷараён гирифт. Дар ин конфронс, ки пешвоёни сиёсиву қавмии давлати Афғонистон иштирок доштанд,  сохти давлатдории ояндаи ин кишвар ва роҳбари ҳукумати муваққат мушаххас карда шуд. Маҳз дар ин конфронс Ҳомид Карзай роҳбари ҳукумати муваққати Афғонистон баргузида шуд ва аз соли 2002 то соли 2014 президенти ин кишвар буд.   

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.