Дар Душанбе кадбонуи беҳтаринро интихоб карданд

Дар Душанбе аз даври шаҳрии озмуни “Кадбонуи беҳтарин”, ки дар “Боғи Ирам” доир гардид, натиҷагирӣ карданд, хабар медиҳад шаҳрдории пойтахт. Мувофиқи арзёбии аъзои комиссияи озмун, Сайрам Саримсоқова аз ноҳияи Шоҳмансур ба зинаи аввал, Зебуннисо Асоева аз ноҳияи Фирдавсӣ – ба мақоми дуюм ва шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ – ба ҷойи сеюм сазовор дониста шуданд. […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар Душанбе аз даври шаҳрии озмуни “Кадбонуи беҳтарин”, ки дар “Боғи Ирам” доир гардид, натиҷагирӣ карданд, хабар медиҳад шаҳрдории пойтахт.

Мувофиқи арзёбии аъзои комиссияи озмун, Сайрам Саримсоқова аз ноҳияи Шоҳмансур ба зинаи аввал, Зебуннисо Асоева аз ноҳияи Фирдавсӣ – ба мақоми дуюм ва шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ – ба ҷойи сеюм сазовор дониста шуданд.

Тавре ки зикр мегардад, беҳтаринҳо ба дипломҳои дараҷаи як, ду, се ва туҳфаҳои хотиравӣ ва дигар иштирокчиён бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.

Кадбонуҳо дар ороиши дастархон ва доштани малакаи истифода ва гузоштани зарф ва ашёҳои болои миз, омода ва пешниҳоди таомҳо, маҳорати омода намудани хӯрокҳои маҳаллӣ, миллӣ ва муосир, пешниҳоди маълумот оид ба номи дурусти таом, ғизонокӣ ва таркиби он дар лавҳаҳо, маҳорати омода намудани хӯришҳо ва малакаи омода намудани намудҳои гуногуни хамир барои пухтани нон ва дигар маҳсулотҳои нонӣ рақобат карданд.

Қобили зикр аст, ки ғолибони озмуни шаҳрӣ дар озмуни ҷумҳуриявии “Кадбонуи беҳтарин”, ки пагоҳ соати 10:00 дар “Боғи Ирам” баргузор мешавад, иштирок мекунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.