Коҳиши назарраси кумаки башардӯстона ба Тоҷикистон дар соли равон

Дар муқоиса бо моҳҳои январ-феврали соли 2022 дар зарфи ду моҳи соли равон кумаки башардӯстона ба Тоҷикистон аз ҷониби кишварҳои мададрасон 6,4 баробар кам шудааст. Тавре Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар 2 моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ба маблағи 6,7 млн доллар ин гуна кумак ворид шудааст. Дар ҳамин давраи соли гузашта […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар муқоиса бо моҳҳои январ-феврали соли 2022 дар зарфи ду моҳи соли равон кумаки башардӯстона ба Тоҷикистон аз ҷониби кишварҳои мададрасон 6,4 баробар кам шудааст.

Тавре Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар 2 моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ба маблағи 6,7 млн доллар ин гуна кумак ворид шудааст.

Дар ҳамин давраи соли гузашта ин нишондиҳанда қариб 43 млн долларро ташкил дода буд.

Давоми ду моҳи имсол ба Тоҷикистон аз 23 кишвари саросари ҷаҳон 2,4 ҳазор тонна кумаки башардӯстона ирсол шудааст.

Ба сегонаи кишварҳои асосии мададрасони ҷумҳурӣ Чин (42,1% аз ҳаҷми умумӣ), Туркия (14,3%) ва ИМА (12,2%) дохил шудаанд.

Қобили зикр аст, ки дар соли 2022 ба Тоҷикистон дар ҳаҷми ниҳоят зиёд кумаки башардӯстона расид, ки маблағи умумии он ҳудуди 141 млн долларо ташкил дод.

То ин дам кумаки башардӯстонаи ҳаҷмаш нисбатан зиёд аз рӯи арзиш соли 2013 (87,4 млн доллар) ва начандон назаррас – соли 2015 (44,8 млн доллар) ба ҷумҳурӣ ирсол гардида буд.

Мақомот дар бораи чӣ гуна тақсим шудани кумаки башардӯстона байни эҳтиёҷмандон ба ВАО маълумот намедиҳанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.