Толибон либосдӯзии мардонро ҳам манъ карданд

Толибон* ба мардҳои дӯзандаи шаҳри Чорикор, маркази вилояти Парвон дастур додаанд, ки дигар аз таҳияи либосҳои занона даст кашанд, хабар медиҳад сомонаи телевизиони Тулӯънюз. Ба навиштаи расона, масъулони Раёсати амр ба маъруф ва наҳй аз мункари Толибон ба мардҳои дӯзандаи шаҳри Чорикор ба таври шифоҳӣ дастур додаанд, ки дигар либоси занона надӯзанд ва дар сурати […]

Толибон* ба мардҳои дӯзандаи шаҳри Чорикор, маркази вилояти Парвон дастур додаанд, ки дигар аз таҳияи либосҳои занона даст кашанд, хабар медиҳад сомонаи телевизиони Тулӯънюз.

Ба навиштаи расона, масъулони Раёсати амр ба маъруф ва наҳй аз мункари Толибон ба мардҳои дӯзандаи шаҳри Чорикор ба таври шифоҳӣ дастур додаанд, ки дигар либоси занона надӯзанд ва дар сурати нодида гирифтани дастури мазкур, дӯконҳои онҳо баста мешавад.

Мухтор Сикандарӣ, як дӯзандаи либос гуфтааст, ки дар сурати риоя накардани дастури Толибон ва баста шудани дӯконашон ба мушкили молӣ рӯбарӯ хоҳанд шуд.

Масъулони Иттиҳодияи дӯзандаҳо дар Парвон зикр кардаанд, ки пас аз афзоиши маҳдудиятҳо ба кори мардҳои дӯзанда дар ин вилоят бештари онҳо корашонро аз даст дода, бархе ногузир ба тарки Афғонистон шудаанд.

“Тамоми мардҳои дӯзандае, ки либоси занона медӯхтанд бекор шуданд ва ҳатто баъзеяшон ба Эрон ҳиҷрат карданд”, – гуфтааст Имомуддин ном намояндаи умумии дӯзандагони Чорикор.

Муҳаммад Собир Қуддус, намояндаи дӯзандаҳои Парвон, низ таъкид кардааст, ки “дӯконҳо ҳамаашон рӯ ба муфлисӣ ҳастанд, зеро кор нест”.

Масъулони маҳаллии Парвон ин иддаоро рад карда, гуфтаанд, ки “ин дастури тавсиявӣ аст”.

Ҳикматуллоҳ Шамим, сухангӯи волии Парвон, гуфтааст: “Иҷозаи дӯхтани либос ас. Ягон мамнуъият нест, лекин вақте инҳо андозаро мегиранд ва ё занон худашон барояшон муроҷиат мекунанд, инҳоро раёсати амр ба маъруф манъ кардааст”.

Ёдовар мешавем, ки ин аввалин маҳдудияти Толибон барои аҳолии кишвар нест. Қаблан онҳо ба мактаб рафтани духтарони боло аз синфи шаш, ба кор рафтани занон дар ташкилотҳои хориҷӣ, ба боғҳои фарҳангиву фароғати рафтани занон, ба донишгоҳ рафтани донишҷӯдухтаронро низ манъ карда буданд.

Ин иқдомоти Толибон аз сӯйи ҷомеаи ҷаҳон вокунишҳои шадидро ба миён оварда буд, аммо намояндагони ин гуруҳ аз идомаи ҷорӣ кардани маҳдудиятҳо даст набардоштанд.

Толибон пас аз ғасби қудрат дар Афғонистон бо иҷро накардани пешартҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҷониби ягон давлат то ба имрӯз ба расмият шинохта нашудааст. Баръакс, ҳамвора мавриди интиқодҳои созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳон қарор мегирад.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.