Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд оғоз гардид

Имрӯз, 29-уми март, Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷашни Наврӯз, шиносоӣ бо ҷараёни корҳои кишоварзии баҳорӣ, бунёди боғу токзор, мулоқоту суҳбатҳо бо сокинон ва ифтитоҳи як қатор иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба вилояти Суғд сафар кард. Дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд раисҷумҳури кишварро Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд. Сафари кории раисиҷумҳур […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Имрӯз, 29-уми март, Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷашни Наврӯз, шиносоӣ бо ҷараёни корҳои кишоварзии баҳорӣ, бунёди боғу токзор, мулоқоту суҳбатҳо бо сокинон ва ифтитоҳи як қатор иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба вилояти Суғд сафар кард.

Дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд раисҷумҳури кишварро Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Сафари кории раисиҷумҳур бо ифтитоҳи ду корхонаи мурғпарварӣ дар шаҳри Гулистон оғоз ёфт, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Президенти ҶТ.

Раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар шаҳри Гулистон ба фаъолияти фабрикаи парандапарварии “Ганҷи Сомон” оғози расмӣ бахшид.

Дар корхона 4 иншооти парандапарварии усули бройлерӣ, бо истифода аз таҷҳизоту технологияи муосири соҳа, бо харҷи беш аз 2 миллион сомонӣ сармояи мустақими соҳибкорӣ сохта, муҷаҳҳаз карда шудаааст.

Гуфта мешавад дар фабрика дар як марҳила 50 ҳазор сар парандаи гӯштӣ парвариш меёбад. Тибқи технология ва қоидаҳои зооветеринарӣ чӯҷаҳои зоти бройлерӣ давоми то 45 рӯз ба ҳисоби миёна аз 2 то 2,5 килограм вазн мегиранд ва барои истеҳсоли гӯшт омода мешаванд.

Иқтидори фабрика истеҳсолӣ дар як марҳила 100 тонна ва дар як сол 400-500 тонна гӯшти парҳезии паранда мебошад.

Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ба фаъолияти корхонаи парандапарварии “Мурғи бебаҳо” ва сардхонаи замонавӣ оғози расмӣ бахшид.

Иншооти нави парандапарварӣ дар масоҳати наздики 2 ҳазор метри мураббаъ бунёд шуда, дар муддати 45 шабонарӯз беш аз 30 ҳазор чуҷа барои истеҳсоли гушти парҳезӣ омода карда мешавад.

Гуфта мешавад корхона имкон дорад, ки дар як сол дар ҳаҷми зиёда аз 300 тонна гушти мурғро барои коркард омода ва ба корхонаҳои истеҳсолӣ пешниҳод намояд.

Дар шафати корхонаи мазкур ҳамзамон бинои сардхона баъд аз навсозӣ мавриди истифода қарор гирифтааст.

Иншоот барои захира ва нигоҳдории 3 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ва маҳсулоти гуштӣ пешбинӣ шуда, дар ин замина 8 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардиданд.

Сафари Эмомалӣ Раҳмон то 31 март идома  мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.