Барқарорсозии хонаҳо оғоз шуд. Идомаи кӯмакҳо ба осебдидагони заминларза дар Кӯҳистони Мастчоҳ

Бо гузашти як ҳафта аз заминларзаи харобиовар дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ, ки даҳҳо хонаи аҳолиро вайрону роҳҳоро валангор кард, фиристодани кӯмакҳои моддии шаҳру навоҳии кишвар ва ниҳодҳои алоҳида ба сокинони зарардида идома дорад.  Аз ҷумла, дар ду рӯзи охир, давлати Арабистони Саудӣ ва ҳукумати шаҳри Конибодом ба аҳолии зарардидаи ноҳия кӯмаки моддӣ дастрас карданд. Дар ин […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Бо гузашти як ҳафта аз заминларзаи харобиовар дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ, ки даҳҳо хонаи аҳолиро вайрону роҳҳоро валангор кард, фиристодани кӯмакҳои моддии шаҳру навоҳии кишвар ва ниҳодҳои алоҳида ба сокинони зарардида идома дорад. 

Аз ҷумла, дар ду рӯзи охир, давлати Арабистони Саудӣ ва ҳукумати шаҳри Конибодом ба аҳолии зарардидаи ноҳия кӯмаки моддӣ дастрас карданд. Дар ин бора ҳукумати Кӯҳистони Мастчоҳ хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки кумаки давлати Арабистони Саудӣ аз ҷониби Маркази имдод ва кӯмакҳои башардӯстонаи шоҳ Салмон тақдим гардида, он аз се мошин, аз ҷумла бухорӣ (печ), болопушӣ пашмӣ (одеяло) ва ангишт иборат мебошад ва аз аввалин кӯмакҳоест, ки аз ҷониби кишварҳои хориҷӣ ба зарардидагони зилзила дар Кӯҳистони Мастчо ироа шудааст.

Ба гуфтаи манбаъ, кумакҳоро сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Валид Абдураҳмон ар-Рушайдон якҷо бо ҳайати Маркази имдод ва кӯмакҳои башардӯстонаи шоҳ Салмон ба сокинони зарардида расонидааст.

“Ин кумак рӯзи 28-уми март дастрас шуда, дар шаҳраки Меҳрон, маркази маъмурии ноҳия, сафири Арабистони Саудӣ бо масъулин ва сокинони ноҳия дидори сарироҳӣ низ анҷом додааст”, – омадааст дар иттилоия.

Кӯмаки ҳукумати шаҳри Конибодом дирӯз, 29-уми март, ба зарардидагони зилзила дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ расида, он аз масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла семент иборат аст.

Ҳаҷми умумии кӯмакҳои сафорати Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон ва ҳукумати шаҳри Конибодом маълум нест.

Дар ҳамин ҳол, ҳукумати Кӯҳистони Мастчоҳ хабур медиҳад, ки 28-уми март дар деҳаи Палдораки ҷамоати Лангари ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба оилаҳои зарардида аз офати табиӣ масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла семент дода шуд ва онҳо ба барқароркунии хонаҳои худ шурӯъ карданд.

Тибқи иттилои расмӣ, дар рӯзи аввали тақсими масолеҳи сохтмонӣ ба 41 нафар оилаҳои зарардидаи деҳаи Палдорак масолеҳи сохтмон семент дастрас карда шуд. Мардум низ дар ин радиф ба ҳашар баромада, баҳри таъмир ва барқарорсозии иншоотҳои харобгашта дастбакор шудаанд.

Бояд гуфт, ки дар ҳудуди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бар асари заминларзаи ҳафтаи гузашта 318 хона осеб дида, аз ин шумор 4-то пурра ва 53 хона қисман хароб гардидаанд.

Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон (КҲФ) қаблан ба “Азия-Плюс” гуфта буд, аз шумори умумии биноҳои харобшуда, ки бештар дар деҳаи Палдорак (165 хона) аст, маҳз дар ҳамин ҷо 4 хона пурра, 37 бинои дигар қисман ва 124 бино сабук осеб дидаанд.

Ба гуфтаи номбурда, дар пайи ин ҳодиса 3 нафар ҷароҳат бардошта, 18 сар чорвои калони шохдор ва 27 сар чорвои майда нобуд шудааст.

Бо дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, таҳти роҳбарии сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис ёфта, ҷиҳати бартарафсозии оқибатҳои зилзила, кор ба таври бояду шояд шурӯъ шуд.

Қаблан шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Мастчоҳ, Панҷакент, Истаравшан ва Шаҳристон кумаки молии хешро аз қабили хӯрока, масолеҳи гуногуни сохтмонӣ барои зарардидагони офати табии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дастрас карда буданд.

Ёдовар мешавем, ки соати 1:07-и шаби 23-юми март дар 6-7 километрии деҳаи Палдораки ҷамоати деҳоти Лангари ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ заминларза рух дод. Қувваи заминларза дар маркази заминларза 5-6 балл, дар ноҳияи Рашт 4-5 балл, дар шаҳри Душанбе 3-4 баллро ташкил додааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.