“Муртакиби гуноҳ мешавед”. Рӯҳонии тоҷик аз тоҷирон хост, нархи маҳсулотро боло набаранд

Усмоналӣ Нурзода, муовини раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сархатиби масҷиди ҷомеи шаҳри Бохтар гуфтааст, тоҷироне, ки дар моҳи Рамазон нархи маҳсулотро беасос боло мебаранд, муртакиби гуноҳ мешаванд. Ӯ дар сӯҳбат бо нашрияи вилоятии “Хатлон” иброз доштааст, ки соҳибкорон ҳангоме маҳсулотро бо нархи гарон пешниҳод мекунанд ва харидор бо сабаби эҳтиёҷ […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Усмоналӣ Нурзода, муовини раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сархатиби масҷиди ҷомеи шаҳри Бохтар гуфтааст, тоҷироне, ки дар моҳи Рамазон нархи маҳсулотро беасос боло мебаранд, муртакиби гуноҳ мешаванд.

Ӯ дар сӯҳбат бо нашрияи вилоятии “Хатлон” иброз доштааст, ки соҳибкорон ҳангоме маҳсулотро бо нархи гарон пешниҳод мекунанд ва харидор бо сабаби эҳтиёҷ доштанаш норозиёна маҳсулотро харидорӣ мекунад, албатта, ин ҳаққи касеро хӯрдан мебошад.

“Ҳар мусулмоне дар моҳи муборак ба бародари мусулмони худ раҳм намекунад ва ҳаққи ӯро мехӯрдад, муртакиби гуноҳ мешавад. Беасос боло бардоштани нархи маҳсулот дар моҳи муборак баракатро аз тиҷорати соҳибкор мепаронад”, – афзудааст намояндаи Шӯрои уламо.

Нурзода аз ҳадиси паёмбари ислом далел оварда, таъкид доштааст, ки “Паёмбари Худо мегӯяд, ки беҳтарин шахс ҳамон нафаре ҳаст, ки манфиаташ ба ҷомеа мерасад”.

Ин рӯҳонӣ аз соҳибкорон хостааст, боинсоф бошанд, то тамоми қишрҳои ҷомеа имкони хариди маҳсулотро дошта бошанд.

Одатан дар ин моҳ нархи маҳсулот ба таври бесобиқа боло меравад, аммо имсол тағйирот он қадар зиёд нест. Дар ҳамин ҳол, имсол нархи маҳсулоти хӯроквории асосӣ дар Тоҷикистон пас аз панҷ рӯзи оғози моҳи шарифи Рамазон чандон тағйир наёфтааст.

Нархи пиёзу карам каме арзон, сабзӣ ва гулкарам каме боло рафтааст. Дар баробари ин, маҳсулоти баҳорӣ, аз ҷумла кабудиҳои баҳорӣ, карами нав, ғӯра, ва ғайра пайдо шуданд.

Баҳси баланд бардоштани нархи маҳсулот, ба вижа маҳсулоти ниёзи аввалия ва хӯрока дар моҳи Рамазон ҳамасола доғ аст. Сокинон аз худсарона боло бурдани нарх шикоят мекунанд. Масъулин ё соҳибкорон сабаби инро ба болоравии қурби доллару камбуди маҳсулот рабт медиҳанд ё аслан болоравии нархро рад мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки дар асоси омори расмӣ, танҳо дар ду моҳи аввали соли равон нархи навои маҳсулоти хӯрокворӣ дар Тоҷикистон 1,3% боло рафтаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.