Дар таркиши каҳвахонаи “Street Food Bar №1” Владлен Татарский кушта шуд

Дар таркиши қаҳвахонаи Street Food Bar №1 дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия блогнависи низомӣ Владлен Татарский (номи маслии ӯ Максим Фомин аст) кушта шуд. Таркиш 2-юми март, тахминан баъди соати 18 рух додааст. Тибқи фарзияи муқаддамотӣ, ки расонаҳо бо такя ба манобеи худ интишор мекунанд, дар ин қаҳвахона шаби эҷодии Владлен Татарский идома дошт ва дар […]

Asia-Plus

Дар таркиши қаҳвахонаи Street Food Bar №1 дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия блогнависи низомӣ Владлен Татарский (номи маслии ӯ Максим Фомин аст) кушта шуд.

Таркиш 2-юми март, тахминан баъди соати 18 рух додааст. Тибқи фарзияи муқаддамотӣ, ки расонаҳо бо такя ба манобеи худ интишор мекунанд, дар ин қаҳвахона шаби эҷодии Владлен Татарский идома дошт ва дар ҷараёни он духтаре ба блогнавис тандис ё ҳайкал туҳфа намуд, ки дар он маводи тарканда ҷойгир карда шуда буд. Пас аз чанд лаҳза таркиш рух дод.

Мақомоти Русия ба хабаргузориҳо гуфтаанд, ҳадафи таркиш маҳз Владлен Татарский буд.

Дар хусуси шахсиёти он духтар ҳоло маълумоти дақиқ дастрас нашудааст ва пулис ӯро мекобад.

Хабаргузориҳои Русия менависанд, ки дар ин ҳодиса ҳамчунин, беш аз 30 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Бояд гуфт, ки Владлен Татарский дар гузашта дар ҳайати неруҳои низомии рӯ ба Русия дар Донбасс ҷангида буд ва дар бораи ҷанги Русия дар Украина гузориш медод.

Ба гузориши расонаҳои Русия, дар шаби эҷодии Владлен Татарский дар Петербург наздики 100 кас иштирок дошт.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.