Давоми 2 моҳ хӯрокворӣ дар Тоҷикистон 1,3% қимат шуд

Давоми моҳҳои январ-феврали соли 2023 нархҳо ба маҳсулоти хӯрокворӣ дар Тоҷикистон 1,3% боло рафтанд, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ. Ин нишондиҳанда ба андозаи 0,3 банди фоизӣ зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 аст. Тӯли 2 моҳи аввали соли равон нархҳо нисбатан зиёдтар ба гурӯҳи молу маҳсулоти зерин боло рафтанд: Тибқи маълумоти Агентӣ, дар 2 […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Давоми моҳҳои январ-феврали соли 2023 нархҳо ба маҳсулоти хӯрокворӣ дар Тоҷикистон 1,3% боло рафтанд, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.

Ин нишондиҳанда ба андозаи 0,3 банди фоизӣ зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 аст.

Тӯли 2 моҳи аввали соли равон нархҳо нисбатан зиёдтар ба гурӯҳи молу маҳсулоти зерин боло рафтанд:

Тибқи маълумоти Агентӣ, дар 2 моҳи соли ҷорӣ нархҳо ба маҳсулоти ғайриозуқа ба андозаи 1,0% боло рафтанд, ки 0,5% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад.

Болоравии нархҳо ба маҳсулоти ғайриозуқа дар соли равон дар навбати аввал ба қиматшавии гурӯҳи зерини молу маҳсулот нисбат дода мешавад:

Дар моҳҳои январ-феврали соли ҷорӣ тарифҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ 0,1% боло рафтанд, асосан аз ҳисоби афзоиши нархи таъмир ва дӯхтани пойафзол (7,2%), билетҳои ҳавопаймоӣ (2,4%), таҳсил (0,4%), хидматрасонӣ дар тарабхона ва меҳмонхонаҳо (1,0%).

Ба сурати умум, тибқи маълумоти Агентии омор, моҳҳои январ-феврали соли 2023 мизони таваррум дар бозори истеъмолии кишвар 0,9%-ро ташкил дод, ки 0,2% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 аст.

Аз рӯи натиҷаҳои соли 2022 дар ҷумҳурӣ сатҳи рекордии пасти таваррум – 4,2% ба қайд гирифта шуд.

Нишондиҳандаи ҳадафноки таваррум барои соли 2023 аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи 6,0% (+/-2 б.ф.) пешбинӣ шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.