Келини Нурсултон Назарбоев ба 7 соли зиндон маҳкум шуд

Додгоҳе дар шаҳри Остона Гулмира Сатибалдӣ, ҳамсари пешини Кайрат Сатибалдӣ, хоҳарзодаи Нурсултон Назарбоев, президенти пешини Қазоқистонро бо гуноҳи “ғасби тиҷорат” ва “одамрабоӣ” ба 7 соли зиндон маҳкум намуд. Дар ин бора пойгоҳи иттилоотии “Фергана” иттилоъ медиҳад. Гулмира Сатибалдӣ инчунин вазифадор шуд, ки ба ҷабрдида, соҳибкор Турсен Алагузова беш аз 15 миллион доллар ҷуброни зарар пардозад. […]

Asia-Plus

Додгоҳе дар шаҳри Остона Гулмира Сатибалдӣ, ҳамсари пешини Кайрат Сатибалдӣ, хоҳарзодаи Нурсултон Назарбоев, президенти пешини Қазоқистонро бо гуноҳи “ғасби тиҷорат” ва “одамрабоӣ” ба 7 соли зиндон маҳкум намуд. Дар ин бора пойгоҳи иттилоотии “Фергана” иттилоъ медиҳад.

Гулмира Сатибалдӣ инчунин вазифадор шуд, ки ба ҷабрдида, соҳибкор Турсен Алагузова беш аз 15 миллион доллар ҷуброни зарар пардозад.

Тибқи иттилои нашргардида, Гулмира Сатибалдӣ ба он айбдор шуд, ки гӯиё Алагузоваро маҷбур кардааст, ки аз 43 дарсади саҳмияҳои ширкати худ – “Galanz bottlers” даст кашад. Муфаттишон гуфтаанд, Сатибалдӣ ба Алагузова фишори равонӣ ва моддӣ овардааст.

Сатибалдӣ низ ба он айбдор дониста шуда, ки Ойгул Мекешеваро рабуда, маҷбур сохтааст, ки аз ширкати “Maxi Bottlers” даст кашида, онро ба номи ӯ гузаронад.

Ҳамроҳи Сатибалдӣ ду зердасташ Мади Батиршаев ва Рашид Утебеков бо ҷурми одамрабоӣ ва ғасби тиҷорат 7 ва 5 сол зиндонӣ шудаанд. Худи Сатибалдӣ иттиҳом қисман эътироф карда, аммо одамрабоиро рад кардааст ва парвандаи худро “сиёсӣ” номидааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.