Рақибони Тоҷикистон муайян мешаванд. Имрӯз қуръакашии Ҷоми Осиё-2023 баргузор мегардад

Имрӯз, 11-уми май, дар шаҳри Давҳаи Қатар қуръакашии қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 баргузор мешавад, ки дар он рақибони тими миллии Тоҷикистон низ муайян мегардад. Оғози қуръакашӣ соати 16:00 ба вақти Душанбе аст, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон. Дар ин чорабинӣ ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов, сармураббии тими миллии Тоҷикистон, мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт […]

Asia-Plus

Имрӯз, 11-уми май, дар шаҳри Давҳаи Қатар қуръакашии қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 баргузор мешавад, ки дар он рақибони тими миллии Тоҷикистон низ муайян мегардад. Оғози қуръакашӣ соати 16:00 ба вақти Душанбе аст, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дар ин чорабинӣ ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов, сармураббии тими миллии Тоҷикистон, мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт ва мудири тими миллии кишвар Беҳрӯз Айниддинзода ширкат мекунанд.

Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ 24 даста ба 6 гурӯҳи иборат аз 4 даста тақсим мешаванд. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи ғолиб ва  чаҳор дастаи беҳтарини ҷойҳои севумро ишғолкарда ба даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ меёбанд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳангоми қуръакашӣ ба сабади чаҳорум ворид шуд ва дар марҳалаи гуруҳии мусобиқот бо Ҳиндустон, Тайланд, Малайзия, Ҳонконг ва Индонезия, ки низ ба ин сабад шомил шудаанд, бозӣ намекунад.

Дастаҳо аз сабади аввал – Қатар, Ҷопон, Эрон, Кореяи Ҷанубӣ, Австралия, Арабистони Саудӣ, сабади дуюм – Ироқ, АМА, Уммон, Ӯзбекистон, Чин, Урдун ва сабади сеюм – Баҳрайн, Сурия, Фаластин, Ветнам, Қирғизистон, Лубнон .

Ҳаждаҳумин Ҷоми Осиё байни дастаҳои миллӣ аз 12 январ то 10 феврали соли 2024 дар Қатар баргузор мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.