Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121
Эмомалӣ Раҳмон: мо ба сарнавишти Афғонистон бетафовут нестем - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
spot_img

Дорогие читатели!

Мы проводим тестирование нового сайта. Сейчас доступны только свежие материалы за сегодня. Чтобы прочитать архивные материалы, воспользуйтесь кнопкой «Старый сайт».

Старый сайт

spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Эмомалӣ Раҳмон: мо ба сарнавишти Афғонистон бетафовут нестем

9
9

Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз зимни суханронӣ дар ҳамоиши санҷиши омодагии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳайати шахсии захираҳои сафарбарӣ таҳти унвони «Марз-2021», гуфт, ки "мардуми мо хушунату зӯроварӣ ва ҷабру зулми дигаронро ҳаргиз қабул надоранд ва мо барои ҳимояи Ватан, истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ ва осоиши ҷомеа аз тамоми имкониятҳо истифода мекунем".

Ин ҳамоиш, субҳи имрӯз бо фармони раисҷумҳур дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар сурат гирифт, ки гуфта мешавад дар он 100 ҳазор нафар аз Неруҳои Мусаллаҳи кишвар ва 130 ҳазори дигар аз афсарону сарбозони ҳайати захираҳои сафарбарӣ, ширкат карданд. 

Ин ҳамоиш дар пайи бад шудани авзои амниятии Афғонистон сурат мегирад. Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки "вазъи кишвари ҳамсояи мо – Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, алалхусус, минтақаҳои шимолии он, ки бо кишвари мо ҳамсарҳад мебошанд, бениҳоят мушкилу номуайян боқӣ монда, авзои онҳо рӯз ба рӯз ва ҳатто соат ба соат мураккаб гардида истодааст".

Ба назари президенти Тоҷикистон дар шароити бисёр ҳассос ва вазъи ниҳоят мураккабу ноустувори минтақа ва ҷаҳони имрӯза дар назди мо масъалаҳои бағоят муҳимми амниятӣ, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ қарор доранд.

Эмомалӣ Раҳмон вазъи мавҷуди имрӯзи Афғонистонро бесобиқа дониста, гуфт, ки "чунин ҳолати мураккаб дар 43 соли идомаи даргириҳои дохилӣ дар Афғонистон бори аввал ба вуҷуд омад".

Раҳмон дар падид омадани ин вазъ мардуми Афғонистонро муқассир надониста, инро ҳосили "равандҳои харобиовар, натиҷаи дахолати берунӣ ба корҳои дохилии ин кишвари ҳамсоя аст, ки беш аз чил сол инҷониб идома дорад".

Раҳмон гуфт, ки мардуми Тоҷикистон бадбахтии дахолати хориҷиҳоро ба кори кишвари худ таҷриба карданд ва бо дарназардошти ин, ҳеч гоҳе ба масоили дохилии ҳамсояҳои худ дахолат намекунем.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Сарфармондеҳи Олии Неруҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳушдор дод, ки ҳеч гоҳе неруҳоро ҳаргиз бар зидди кишварҳои ҳамсоя истифода намебарем.

Эмомалӣ Раҳмон бо таъкид ба ҳамсояи наздиктарин, кишвари дӯст, ҳамзабон, ҳамдин ва ҳамфарҳанги мо  будани Афғонистон гуфт, ки "бинобар ин, мо ба сарнавишти мардуми он бетафовут нестем".

Маҳз аз ҳамин лиҳоз, ман даҳҳо маротиба аз минбари бонуфузтарин созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ масъалаи ҳалли мушкилоти Афғонистонро ба миён гузоштам.

Раҳмон дар ин суханронӣ дигарбора ба роҳҳали низомӣ надоштани Афғонистон таъкид кард ва гуфт, ки сохти давлатдории ин кишвар бояд бар асоси хосту иродаи мардуми ин кишвар таъин карда шавад.

Эмомалӣ Раҳмон афсӯс хӯрд, ки "мутаассифона, чанд даҳсолаи охир чунин мардуми соҳибтамаддун бо доштани садҳо ва ҳазорон олимону донишмандони маъруф, шоирону адибони машҳур ва сиёсатмадорони ботаҷриба қурбони бозиҳои геополитикӣ мебошанд".

Бинобар ин, вақти он расидааст, ки сиёсатмадорон, роҳбарони ҳамаи ҳизбу ҷунбишҳои сиёсӣ, аҳли зиё, шахсиятҳои обрӯманд ва кулли сокинони ин кишвар муттаҳиду сарҷамъ шаванд, Ватан, давлат ва миллати худро аз нооромиву парокандагӣ наҷот диҳанд,-таъкид намуд раисҷумҳури Тоҷикистон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар ин суханронӣ Эмомалӣ Раҳмон аз хидматҳои раҳбарони  вақти Афғонистон ёд кард ва гуфт, ки онҳо ба хотири сулҳ дар Тоҷикистон миёнҷигарӣ карданд, ки дар натиҷаи ин иқдом дар раванди музокироти мо гардиши куллӣ ба вуқӯъ омад ва тақдири сулҳи тоҷикон асосан ҳал гардид.

"Ҳанӯз ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта, замоне, ки дар Тоҷикистон ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ идома дошт, Президенти ҳамонвақтаи Афғонистон профессори шодравон Бурҳониддини Раббонӣ ва Қаҳрамони миллии Афғонистон шодравон Аҳмадшоҳи Масъуд бо вуҷуди он, ки дар қаламрави Афғонистон низ ҷангҳои шадид ҷараён доштанд, моҳи августи соли 1993 дар шаҳри Кобул барои баргузории сулҳи тоҷикон шароити мусоид фароҳам сохтанд ва моҳи декабри соли 1996 дар мавзеи Хосдеҳи вилояти Тахор бори дуюм низ чунин мусоидати бародаронаро анҷом доданд",.

Яъне шахсиятҳои барҷастаи Афғонистон вазифа ва дайни бародариву ҳамсоядории худро дар сатҳи баланд адо карданд, ки мо ин амали хайри онҳоро ҳамеша пос медорем.

Зимнан, мехоҳам як нуктаро таъкид созам, ки сиёсатмадорон ва шахсиятҳои обрӯманду соҳибтаҷрибаи ин сарзамини бостонӣ ва ин миллати тамаддунсоз бояд раванди сулҳро ба таври ҷиддӣ роҳандозӣ намоянд, ба дахолати хориҷӣ нуқта гузоранд ва мардуми худро аз азобу машаққат раҳо созанд, гуфт Раҳмон.

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки бо итминон изҳор медорам, ки ин рӯзҳои сахти мардуми Афғонистон абадӣ нестанд ва умедворам, ки дар Афғонистон оқибат ақли солим пирӯз шуда, дар ин кишвари ҳамсояи мо сулҳу оромӣ барқарор мегардад ва мо бо ин давлати ҳамсояву дӯсти худ робитаҳои ҳамаҷонибаро тақвияту тавсеа мебахшем.

Раҳмон гуфт, ки санҷиши имрӯза дар сатҳи баланд гузашт ва ӯ аз тамоми роҳбарону хидматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳайати шахсии захираҳои сафарбарӣ сипосу миннатдорӣ кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...

Чин ба Тоҷикистон 57 млн доллар кумаки бебозгашт медиҳад

Ҳукумати Чин ба Тоҷикистон ба маблағи 400 млн юан...