Тоҷикистон дар сафи кишварҳои “режими пурзӯри худкома”

Дар радабандӣ (рейтинг)-и нави созмони демократия ва ҳуқуқи инсони Freedom House (Хонаи Озодӣ) ҳамаи панҷ кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ ба сафи кишварҳои “худкомаи пурзӯр” шомил гардиданд. Дар гузориши ҳамасолаи худ Freedom House ба сатҳи демократия дар кишварҳои собиқи коммунистии Аврупо, нимҷазираи Балкан ва Авруосиё баҳогузорӣ мекунад. Вазъият тибқи категорияҳое чун идоракунии миллии демократӣ, ҷараёни интихобот, […]

Asia-Plus

Дар радабандӣ (рейтинг)-и нави созмони демократия ва ҳуқуқи инсони Freedom House (Хонаи Озодӣ) ҳамаи панҷ кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ ба сафи кишварҳои “худкомаи пурзӯр” шомил гардиданд.

Дар гузориши ҳамасолаи худ Freedom House ба сатҳи демократия дар кишварҳои собиқи коммунистии Аврупо, нимҷазираи Балкан ва Авруосиё баҳогузорӣ мекунад.

Вазъият тибқи категорияҳое чун идоракунии миллии демократӣ, ҷараёни интихобот, ВАО-и мустақил, идоракунии маҳаллии демократӣ ва коррупсия арзёбӣ мешавад.

Ҳар кадоме аз категорияҳо аз 1 то 7 балл бо ҳисоби нишондиҳандаи миёна: 7 – аз ҳама баланд ва 1 – аз ҳама паст баҳогузорӣ мешавад.

Дар радабандӣ 8 кишвар аз 29 давлат дар категорияи бадтарини “режими пурзӯри худкома” боқӣ монданд.

Миёни онҳо Беларус, Озарбойҷон, Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ зикр шуда, ба ақидаи муаллифони радабандӣ, ҳукумати ин кишварҳо “аз уҳдадории асосии ҳама гуна давлат оид ба ҳифзи ҷисмонии аҳолӣ даст кашида, ба ҷойи ин ба ҳаёт ва амнияти бисёре аз шаҳрвандон хатари мустақим эҷод кардаанд”.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷрои нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.

Дар Тоҷикистон 35 дарсади шаҳрвандон бо фасод дучор шудаанд. Мақомот худ нигаронанд

Бузургтарин назарсанҷӣ нишон дода, ки бахши маориф, пулис ва тандурустӣ дар феҳрасти ниҳодҳои фасодзадаанд.

Парлумони Тоҷикистон ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро ба Русия маъқул донист. Чӣ тағйир ёфт?

Анҷоми расмиёти таҳияи ҳуҷҷатҳо ба ватан гузаронида шуда, корфармоён пешакӣ кормандонро интихоб мекунанд.

Ҷовид Муқим: “Азия-Плюс” ҳирфаӣ, бидуни таҳқир ва аз дарди ҷомеа мегӯяд”

Ӯ ҳамчунин, ба саҳми ин расона дар тайёр кардани мутахассисони расона ва такмили дониши онҳо ишора кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 77

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон дар Русия метавонанд 12 баробар зиёд шаванд

Аз ҷумла, маблағи қабул ба шаҳрвандӣ ё даст кашидан аз он метавонад аз 4,2 ҳазор то 50 ҳазор рубл боло равад.

“Тоскулоҳи бузург”-и Душанбе: кадоме аз ҷудокорон меоянд ва даъвогарони пирӯзӣ кистанд?

Барои Тоҷикистон ин на танҳо оғози мавсим дар хона, балки санҷиш муқобили ҳарифони пурқувват аз Аврупо, Осиё ва фазои пасошӯравӣ хоҳад буд.