“Ҳаракатҳои кормандони алоҳидаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия санҷида шавад”. Тақозои Юсуф Раҳмон аз ҳамтои русаш

Юсуф Раҳмон, прокурори генералии Тоҷикистон дар робита ба боздошти оммавии муҳоҷирони Тоҷикистон, латукӯб ва муносибати бераҳмона нисбати онҳо, инчунин боздошти теъдоди зиёди донишҷӯёни тоҷик аз ҷониби пулис ба прокуратураи генералии Русия барқияи фаврӣ ирсол намудааст. Дар ин бора дафтари матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар медиҳад. “…ҳаракатҳои кормандони алоҳидаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Юсуф Раҳмон, прокурори генералии Тоҷикистон дар робита ба боздошти оммавии муҳоҷирони Тоҷикистон, латукӯб ва муносибати бераҳмона нисбати онҳо, инчунин боздошти теъдоди зиёди донишҷӯёни тоҷик аз ҷониби пулис ба прокуратураи генералии Русия барқияи фаврӣ ирсол намудааст.

Дар ин бора дафтари матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар медиҳад.

“…ҳаракатҳои кормандони алоҳидаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон мавриди санҷиш қарор дода шуда, ба он баҳои ҳуқуқӣ дода шавад”, – тақозо шудааст дар барқияи прокурори генералии Тоҷикистон.

Бояд гуфт, ки давоми се ҳафтаи охир боздошту латукӯби донишҷӯёну муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ба якборагӣ афзоиш ёфт. Кормандони мақомоти интизомиву амниятии Русия донишҷӯёну муҳоҷирони тоҷикро дар хобгоҳи донишгоҳ, масҷид, кӯчаву варзишгоҳҳо бе сабаб боздошту латукӯб мекунанд.

Дар пайи латукӯби донишҷӯён ва боздоштҳои оммавии муҳоҷирони тоҷик дар Русия, ҳафтаи гузашта Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Семён Григорев, Сафири Русия дар Тоҷикистонро ба бинои вазорат даъват ва нигаронии худро аз бархӯрди номуносиб бо донишҷӯёну муҳоҷирони тоҷик иброз намуда буд.

Инчунин, вазири корҳои дохилӣ ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо ирсоли мактуб ба ҳамтоёни руси худ таҳқиқи одилонаву холисонаи латукӯбу боздошти оммавии донишҷӯёну муҳоҷирони тоҷикро талаб карданд.

Аммо мақомоти Русия то ҳол ба ҳеҷ як талабу дархости мақому ниҳодҳои Тоҷикистон расман вокуниш нишон накардааст ва асли воқеаро шарҳ надодааст.

Андешаи коршиносонро оид ба сабабҳои эҳтимолии чунин бархӯрди мақомоти Русия метавонед дар матлаби “Фишанги №1”. Русия бо “шикор”-и муҳоҷирони тоҷик аз Тоҷикистон чӣ мехоҳад?” мутолиа намоед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.