Гулрухсор дар Теҳрон: “Сесад сол моро аз ҳам ҷудо карданд”

Гулрухсор Сафӣ, Шоири халқии Тоҷикистон, дар чорабинии бузургдошти “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ дар Теҳрон перомуни забон ва шеъри форсӣ ва Рӯдакиву Фирдавсӣ ҳарф задааст. Навори суханронии ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт. Гулрухсор дар ин чорабинӣ, ки рӯзи 15-уми май дар Китобхонаи миллии Эрон бахшида ба бузургдошти “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ баргузор гардидааст, аз сароғози шеъри форсӣ […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Гулрухсор Сафӣ, Шоири халқии Тоҷикистон, дар чорабинии бузургдошти “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ дар Теҳрон перомуни забон ва шеъри форсӣ ва Рӯдакиву Фирдавсӣ ҳарф задааст.

Навори суханронии ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт.

Гулрухсор дар ин чорабинӣ, ки рӯзи 15-уми май дар Китобхонаи миллии Эрон бахшида ба бузургдошти “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ баргузор гардидааст, аз сароғози шеъри форсӣ гуфта, таъкид кардааст, ки “устод Рӯдакӣ барои устод Фирдавсӣ раҳ кушод”.

“Ба саҳнаи забони миёнаи форсӣ ворид шудани устод Рӯдакӣ ва 40 сол хидмат карданаш дар дарбори Сомониён рустамона аст ва маҳз устод Рӯдакӣ ба устод Фирдавсӣ раҳ кушод. Баъди ин раҳкушоӣ, устод Фирдавсӣ, ки як деҳқон буданд, бузургтарин китоби сиёсии ҷанг ва сулҳи ҷаҳонро навиштанд. Ҳамин аст, ки ман мегӯям, мо зи дарди Рӯдакӣ рӯйидаем”, – гуфтааст Гулрухсор.

Шоир таъкид кардааст, ки ин забон мисли обҳои рӯдхонаҳои кӯҳистон ба сангҳои таъриху ба сангҳои хиёнат бархӯрда, мисли оби чашма пухта ва бомазза шудааст.

“Ман, ки ҷаҳон зиёд гаштаам, медонам, дар ҳама кишварҳо маҳфилҳову ташкилотҳову донишгоҳҳои забони форсӣ фаъол ҳастанд. Ман хотирҷамъ ҳастам аз забони форсӣ-тоҷикӣ”, – зикр намудааст Гулрухсор.

Ба таъкиди ӯ “дар замони шӯравӣ ҷашни Наврӯз ва дигар анъанаҳои миллии тоҷиконро манъ карданд, вале мардуми тоҷик бо баҳонаҳои гуногун шеърӣ форсӣ-тоҷикӣ месуруданд. Акнун бовар дорам, ки ин забон аз байн нарафт ва намеравад”.

Ӯ ҳамин тавр дар суханрониаш мегӯяд, ки “ман дар Эрон меҳмон нестам, мизбонам ва дар ватани худ ҳастам. Мо бояд таърихи сесадсолаи охирро ҷиддӣ биомӯзнем, чунки ин таърихи куштани фарҳанги мо аст. Сесад сол моро аз ҳам ҷудо карданд. Рустамро дар “Шоҳнома” накуштанд, Рустамро дар ҳамин сесад соли охир куштанд. Инро бояд ҷиддӣ гирифт”.

Мавриди зикр аст, ки 15-уми май Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ аст ва ҳамасола дар кишварҳои форсизабон аз он ба таври бошукӯҳ таҷлил мекунанд.

Имсол як теъдод зиёиёни тоҷик барои иштирок дар намоишгоҳи байналимилалии “Китоби Теҳрон”, ки ба зодрӯзи Фирдавсӣ рост омад, рафта, мавлуди ин шоири ҳамосасарои тоҷику форсро таҷлил намуданд.

Гулрухсор бо нашри ду акс аз Теҳрон навишт, ки дар чорабинии бузургдошти “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ ва посдошти забони форсӣ дар Эрон ширкат варзидааст.

Дар ин ҷашнвора аз ҷониби Анҷумани фарҳангии Эрон ба Гулрухсор ““Шоҳнома”-и шоҳӣ” ҳам ҳадя шудааст.

Ёдовар мешавем, ки моҳи сентябри соли гузашта Гулрухсор ҳамроҳ бо Абдунабӣ Сатторзода ва Рустам Ваҳҳобзода ба узвияти Фарҳангистони забон ва адаби форсии Эрон пазируфта шуда буданд.

Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ яке аз бонуфузтарин марказҳои илмии таҳқиқ ва тарғиби забону адаби форсӣ дар ҷаҳон буда, мақоми Академияи улумро дорад ва узвияти он баробар ба унвони академикӣ аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.