Ҳавошиносони Тоҷикистон аз гармои 41 дараҷа ҳушдор медиҳанд

Дар баъзе манотиқи Тоҷикистон ин ҳафта то 41 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мешавад. Эҳтимол аст дар вилояти Хатлон чангу ғубор ва дар баландкӯҳҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) борону барф борад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносӣ ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд. Ба гуфтаи манбаъ, аз 6 то 10-уми июн тақрибан дар саросари ҷумҳурӣ гармои шадид дар […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Дар баъзе манотиқи Тоҷикистон ин ҳафта то 41 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мешавад. Эҳтимол аст дар вилояти Хатлон чангу ғубор ва дар баландкӯҳҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) борону барф борад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносӣ ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд.

Ба гуфтаи манбаъ, аз 6 то 10-уми июн тақрибан дар саросари ҷумҳурӣ гармои шадид дар назар аст.

Ҳавошиносон ҳушдор медиҳанд, ки ҳарорати ҳаво дар Душанбе то охири ҳафта бебориш, вале нимаабрӣ хоҳад буд. Ҳарорат шабона 21-23 ва рӯзона 36-38 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон рӯзҳои 6 ва 7-уми июн ҳарорати ҳаво рӯзона 35-40 ва аз 8 то 10-уми июн 36-41 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд давоми ҳафта ҳаво нимаабрӣ ва то 9 июн бебориш пешбинӣ мешавад ва танҳо 10-уми июн дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ эҳтимоли боридани борони кӯтоҳмуддат аст.

Ҳарорат дар водиҳо шабона 18-23 дараҷа ва рӯзона 34-39 дараҷа ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6-11 ва рӯзона 21-26 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳри Хуҷанд ин рӯзҳо ҳаво шабона 21-23 ва рӯзона 37-39 дараҷа гарм мешавад.

Дар ВМКБ пагоҳ, 7-уми июн, дар баъзе ҷойҳо борони сабук (дар баландии бештар аз 3000 метр борону барф) меборад.

Ҳарорат дар ВМКБ шабона 8-13 ва рӯзона 17-19 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Хоруғ давоми ҳафта ҳаво нимаабрӣ ва бебориш буда, шабона 11-13 ва рӯзона 25-28 дараҷа гарм мешавад.

Дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ҳаво бебориш шуда, танҳо 10-уми июн дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад ва эҳтимоли ба вуҷуд омадани раъду барқ ​​ҳаст. Ҳарорат дар водиҳо шабона 18-23 ва рӯзона 34-39 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 12-17 ва рӯзона 27-32 дараҷа гарм мешавад.

Мутахассисони Агентии обуҳавошиносии кишвар ба сокинон тавсия медиҳанд, ки дар ин рӯзҳо либоси сабуки пахтагин, айнаки офтобӣ ва кулоҳ пӯшида, бештар об нӯшанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.