Лавров чаро ба Тоҷикистон меояд?

Тавре қаблан хабар дода будем, имрӯз, 5-уми июн, Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия ба Тоҷикистон меояд. Сафорати Русия дар Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки зимни ин сафар Сергей Лавровро Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ба ҳузур мепазирад. Ҳамчунин, вазири корҳои хориҷии Русия бо ҳамтои тоҷики худ Сироҷиддин Муҳриддин мулоқот мекунад. Сафорати Русия мегӯяд, зимни вохӯрӣ масоили […]

Asia-Plus

Тавре қаблан хабар дода будем, имрӯз, 5-уми июн, Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия ба Тоҷикистон меояд.

Сафорати Русия дар Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки зимни ин сафар Сергей Лавровро Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ба ҳузур мепазирад. Ҳамчунин, вазири корҳои хориҷии Русия бо ҳамтои тоҷики худ Сироҷиддин Муҳриддин мулоқот мекунад.

Сафорати Русия мегӯяд, зимни вохӯрӣ масоили муҳими муносибатҳои дуҷониба, дурнамои рушди ҳамкориҳои сиёсиву иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва гуманитарии Маскаву Душанбе баррасӣ мешаванд.

Оё масъалаи муҳоҷирони тоҷик, ки давоми чанд рӯзи охир дар Русия ба таври оммавӣ боздошту талукӯб мешаванд, матраҳ мешавад ё на, коршиносон посух доданд.

Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси тоҷик мегӯяд, ки зимни мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Сергей Лавров масъалаи муҳоҷирон ва шароиту муносибат бо онҳо баррасӣ хоҳад шуд.

“Эҳтимол, ки ин масъала ба далели муҳиммият ва аҳаммияти он барои Тоҷикистон баррасӣ шавад. Дар Маскав бисёриҳо то ҳол муътақиданд, ки пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) беҳтарин роҳи ҳалли мушкили муҳоҷирон аст. Душанбе чунин фикр намекунад, бинобар ин, мушкил то хол хал нашудааст”, – зикр мекунад Парвиз Муллоҷонов.

Ба андешаи ин сиёсатшинос, ҳатто шаҳрвандони кишварҳои узви ИИАО аксаран аз хушунати пулис дар Русия ранҷ мекашанд.

“Ман шахсан то ҳол роҳи ҳалли мушкилотро намебинам – ҳуҷҷатҳои аксари муҳоҷирони боздоштшуда ва маҷрӯҳшуда дуруст буданд, аммо ин барои мансабдорону пулиси Русия ҳеҷ аҳамияте надошт”, – иброз медорад сиёсатшинос.

Парвиз Муллоҷонов бовар дорад, ки зимни мулоқот, мисли вохуриҳои қаблӣ, масоили ҳамкорӣ дар доираи ИДМ, СҲШ, СААД, вазъ дар Афғонистон, эҳтимол долонҳои нави нақлиётӣ, ҳамкориҳои кишварҳои минтақа ва Чин ва ғайра низ баррасӣ мешаванд.

Шокирҷон Ҳакимов, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, коршинос:

“Дар сафари вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ба Тоҷикистон ҳеҷ чизи ғайриодие нест. Дар пасманзари бархӯрди шадиди манфиатҳо миёни Русия ва бархе аз кишварҳои фаъол дар Осиёи Марказӣ, ин сафар ба коҳиши талошу ҳадафҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон равона шудааст”, – чунин мешуморад Ҳакимов.

Вай мегӯяд, ҳоло маълум нест, ки шароити нави пешниҳодкардаи Русия то куҷо афзалиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистонро тағйир медиҳад.

“Оё моҳияти лоиҳа ва пешниҳодҳои Русия дар мавриди ҳамкорӣ бо Тоҷикистон бо дарназардошти манфиатҳои миллии он амалгаро (прагматикӣ) хоҳад буд? Албатта, бо назардошти падидаҳои охирини манфие, ки ҷомеаи Тоҷикистон дар фазои иттилоотӣ мушоҳида мекунад ва масъалаҳои риояи усулҳои бунёдии созишномаҳои дуҷониба, ки таъмини ҳуқуқҳои иҷтимоӣ ва кафолатҳои меҳнатии ҳамватанони моро дар Русия ба танзим медароранд, сӯҳбатҳо мешаванд”, – гуфт коршинос.

Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, ки дар баробари талоши бори дигар ҳал намудани масоили марбут ба муҳоҷирони меҳнатӣ, ниҳоди ҳокимияти давлатиро зарур аст, ки барои фароҳам овардани шароити мусоиди меҳнат дар худи ҷумҳурӣ тадбирҳои воқеӣ андешад ва ба ин васила, хуруҷи қисмати аз лиҳози иқтисодӣ коршоями аҳолиро ба берун аз ҳудуди кишвар кам кунад.

Барои иҷрои ин вазифа иродаи сиёсӣ, коҳиш додани сатҳи коррупсия, ислоҳоти сиёсати кадрӣ ва андешидани тадбирҳои фарогир ҷиҳати фароҳам овардани фазои мусоиди иқтисодӣ ва муҳити сармоягузорӣ зарур аст”.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.