“Аҷдодони мо ба ҳама чиз такон бахшиданд”: оғози таҳияи филм доир ба саҳми тоҷикон дар тамаддуни ҷаҳонӣ

Date:

Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ба таҳияи филми мустанади “Тоҷикон” дар бораи саҳми мардуми тоҷик дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ шурӯъ кард.

Филм бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ истеҳсол мешавад. Ба гуфтаи коргардони филм Рустам Шоазимов, айни замон филм дар марҳилаи коркард ва ҷамъоварии маълумот қарор дорад. Дар ин робита ӯ ба “Азия-Плюс” чунин изҳори назар кард:

“Аҷдодони мо касоне буданд, ки ба ҳама чиз такон бахшиданд. Дар ҳамаи соҳаҳо: хат, кишоварзӣ, тиб, кимиё ва ғайра. Масалан, гандум, ки аз он дигар зироатхои ғалладона рӯёнида мешавад, дар мо пайдо шуд. Дар ҳоле ки ҳама дар ҷангалзор зиндагӣ мекарданд, тоҷикон аллакай ҳунарманд ва аввалин шаҳрҳои худ, мисли Саразмро доштанд. Халқи мо ба меъморӣ низ саҳми босазо гузоштааст”.

Рустам Шоазимов мегӯяд, ҷараёни ҷамъоварии маълумот барои филм кори хеле душвор аст.

“Барои ҳар як давра мавод интихоб кардан лозим аст ва ту намедонӣ, ки онро аз куҷо ҷустуҷӯ кунӣ. Масалан, талафоти мо баъди бохти Доро, замони Куруши Кабир намоиш дода шуда, каме дар бораи Искандарӣ Мақдунӣ ҳам маълумот дода мешавад. Инчунин дар бораи тоҷикони муосир”, – мегӯяд коргардон.

Ин ҳама ба гуфтаи ӯ, барои он сурат мегирад, ки насли наврас бидонад, ки "тоҷикон мардуми қадимӣ, сарватманд ва хеле тавоно ҳастанд".

“Баъзан бо ҷавонон сӯҳбат карда, мебинед, ки онҳо ҳоло нодуруст андеша меронанд. Рафторашон низ шоистаи ниёгонашон нест. Охир, точикон имконоти зиёде доранд, ки онро метавон барои созандагӣ истифода бурд,  танҳо танбал нашуда, кор кардан лозим аст”, – илова кард Шоазимов.

Ҳоло маълум нест, ки филмз кай ба тамошобинон пешкаш мегардад. Тавре ки коргардон гуфт, ба гумони ғолиб, он дар телевизион намоиш дода шуда, давомнокии он 40-50 дақиқа хоҳад буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...