“Аҷдодони мо ба ҳама чиз такон бахшиданд”: оғози таҳияи филм доир ба саҳми тоҷикон дар тамаддуни ҷаҳонӣ

Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ба таҳияи филми мустанади “Тоҷикон” дар бораи саҳми мардуми тоҷик дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ шурӯъ кард. Филм бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ истеҳсол мешавад. Ба гуфтаи коргардони филм Рустам Шоазимов, айни замон филм дар марҳилаи коркард ва ҷамъоварии маълумот қарор дорад. Дар ин робита ӯ ба “Азия-Плюс” чунин изҳори назар кард: […]

Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ба таҳияи филми мустанади “Тоҷикон” дар бораи саҳми мардуми тоҷик дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ шурӯъ кард.

Филм бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ истеҳсол мешавад. Ба гуфтаи коргардони филм Рустам Шоазимов, айни замон филм дар марҳилаи коркард ва ҷамъоварии маълумот қарор дорад. Дар ин робита ӯ ба “Азия-Плюс” чунин изҳори назар кард:

“Аҷдодони мо касоне буданд, ки ба ҳама чиз такон бахшиданд. Дар ҳамаи соҳаҳо: хат, кишоварзӣ, тиб, кимиё ва ғайра. Масалан, гандум, ки аз он дигар зироатхои ғалладона рӯёнида мешавад, дар мо пайдо шуд. Дар ҳоле ки ҳама дар ҷангалзор зиндагӣ мекарданд, тоҷикон аллакай ҳунарманд ва аввалин шаҳрҳои худ, мисли Саразмро доштанд. Халқи мо ба меъморӣ низ саҳми босазо гузоштааст”.

Рустам Шоазимов мегӯяд, ҷараёни ҷамъоварии маълумот барои филм кори хеле душвор аст.

“Барои ҳар як давра мавод интихоб кардан лозим аст ва ту намедонӣ, ки онро аз куҷо ҷустуҷӯ кунӣ. Масалан, талафоти мо баъди бохти Доро, замони Куруши Кабир намоиш дода шуда, каме дар бораи Искандарӣ Мақдунӣ ҳам маълумот дода мешавад. Инчунин дар бораи тоҷикони муосир”, – мегӯяд коргардон.

Ин ҳама ба гуфтаи ӯ, барои он сурат мегирад, ки насли наврас бидонад, ки "тоҷикон мардуми қадимӣ, сарватманд ва хеле тавоно ҳастанд".

“Баъзан бо ҷавонон сӯҳбат карда, мебинед, ки онҳо ҳоло нодуруст андеша меронанд. Рафторашон низ шоистаи ниёгонашон нест. Охир, точикон имконоти зиёде доранд, ки онро метавон барои созандагӣ истифода бурд,  танҳо танбал нашуда, кор кардан лозим аст”, – илова кард Шоазимов.

Ҳоло маълум нест, ки филмз кай ба тамошобинон пешкаш мегардад. Тавре ки коргардон гуфт, ба гумони ғолиб, он дар телевизион намоиш дода шуда, давомнокии он 40-50 дақиқа хоҳад буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.