Обуҳавои ин ҳафта дар Тоҷикистон чӣ гуна мешавад?

Date:

Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон то 15 июн обуҳавои гарм ва боқӣ мондани чангу ғубор пешгӯӣ мешавад, хабар медиҳад Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.

Рӯзҳои 13-15 июн бо сабаби баланд шудани ҳарорати ҳаво дар ҳавзаи дарёҳои Панҷ, Вахш ва Зарафшон баландшавии сатҳи об пешгӯӣ мешавад.

Дар давраи аз 13 то 16 июн дар пойтахт обуҳавои тағйирёбанда, ҳарорат шабона 21-24 ва рӯзона то 39 дараҷа гарм мешавад. Обуҳавои чангу ғуборолуд боқӣ мемонад.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ низ обуҳавои чангу ғуборолуд боқӣ монда, дар ноҳияҳои ҷудогонаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ аз эҳтимол дур нест. Ҳарорат дар водиҳо шабона 19-24 ва рӯзона 35-40 дараҷа гарм мешавад. Дар кӯҳҳо ҳарорат рӯзона то 33 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳам обуҳавои чангу ғуборолуд боқӣ монда, дар водиҳо шабона ва рӯзона аксаран бидуни боришот, дар доманакӯҳҳо борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар назар аст Ҳарорат дар водиҳо шабона 21-26 ва рӯзона 38-43 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳарорат 30-35 дараҷа гарм мешавад.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти обуҳавошиносон, дар вилояти Суғд рӯзҳои наздик чангу ғубор аз байн меравад. Дар водиҳо обуҳавои аксаран бидуни боришот ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат дар водиҳо шабона 19-24 ва рӯзона 36-41, даркӯҳҳо рӯзона 25-30 дараҷа гарм мешавад.

Дар ВМКБ аз 13 то 15 июн обуҳавои тағйирёбанда ба баъзан борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Ҳарорат дар шарқи вилоят шабона 1-6, рӯзона 13-18 дараҷа гарм мешавад.

Бо вуҷудуи каме аз байн рафтани чангу ғубор, тибқи маълумоти обуҳавошиносон, дар минтақаҳои ҷануб ва маркази вилояти Хатлон, шарқи ВМКБ, минтақаи Кӯлоб, Ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе ифлосии ҳаво боқӣ мемонад. Барои шахсоне, ки махсусан ҳассосанд, чунин обуҳавои чангу ғуборолуд мувофиқ нест.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки аз сайру гаштҳои тӯлонӣ дар кӯчаҳо, бахусус дар наздикии роҳҳои серодам, киштзорҳо ва минтақаҳое, ки дар ин ҳолат барои саломатии онҳо хатарнок аст, худдорӣ кунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...