Дар назди КҲФ ситоди пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохуш дар махзанҳои об таъсис дода шуд

Дар назди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон Ситоди пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохуш дар махзанҳои об таъсис дода шуд. Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумита, бо ёрии техникаи махсус корҳои таблиғотӣ роҳандозӣ шуда, мутахассисон миёни истироҳаткунандагон варақаҳо доир ба риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми шиновариву оббозӣ ва расонидаи ёриҳои аввалияи тиббӣ паҳн мекунанд. Гуфта мешавад, барои пешгирӣ аз […]

Дар назди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон Ситоди пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохуш дар махзанҳои об таъсис дода шуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумита, бо ёрии техникаи махсус корҳои таблиғотӣ роҳандозӣ шуда, мутахассисон миёни истироҳаткунандагон варақаҳо доир ба риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми шиновариву оббозӣ ва расонидаи ёриҳои аввалияи тиббӣ паҳн мекунанд.

Гуфта мешавад, барои пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохуш дар истироҳатгоҳҳо дар соҳилҳое, ки маъмулан одамони зиён ҷамъ меоянд, тибқи дастури роҳбарияти КҲФ аз ҳисоби корманду ғаввосон ва духтурону мутахассисони дигари Кумита навбатдорӣ ташкил карда шудааст.

“Кумита ба таваҷҷуҳи сокинон  мерасонад, ки расман дар саросари кишвар мавсими оббозӣ аз 1-уми июн оғоз шудааст”, – омадааст дар хабар.

Ба иттилои манбаъ, то 12 июни соли 2023 дар обҳои кишвар 56 нафар ба ҳалокат расиданд, ки 33 нафари онҳо ноболиғон мебошанд. Имдодгарони КҲФ ҷони 15 нафарро аз марг наҷот доданд.

КҲФ бори дигар ба сокинон муроҷиат мекунад ва онҳоро ба риояи қоидаҳои оббозиву шиноварӣ даъват менамояд:

– фарзандони худро шиноварӣ омӯзед ва чун дар соҳили обҳо қарор доред, онҳоро беназорат нагузоред;

– дар маконҳои ношинос оббозӣ накунед;

– дар ҷойҳое, ки нишонаҳои огоҳкунандаи мамнуъ будани оббозӣ овезон карда шудаанд, оббозӣ накунед;

– дар ҳолати мастӣ вориди об нашавем;

– пеш аз он ки вориди об шавед, ба худ ва фарзандонатон камзӯлҳои шиноварӣ пӯшонед. Агар ин гуна имкон надоред, пас талош кунед дар ҷойҳое оббозӣ кунед,ки бехатар бошад;

– дар дохили об бозӣ накунед, бахусус аз амалҳое ба мисли дасту пои ҳамдигарро доштану кашидан худдорӣ намоед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.