Дар шаҳри Турсунзода хусур ба куштори домод гумонбар мешавад

Марди 65-солаи сокини шаҳри Турсунзода ба гумони даст доштан дар куштани домодаш боздошт шуд, хабар медиҳад ВКД Тоҷикистон. “Мард ба барқасдона расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси марг шуд, гумонбар дониста мешавад. Муноқиша байни мардон шоми 10 июн рух дода, домоди 51-сола ба хонаи гумонбаршуда меояд, то ки ҳамсарашро ба хона баргардонад”, – хабар […]

Марди 65-солаи сокини шаҳри Турсунзода ба гумони даст доштан дар куштани домодаш боздошт шуд, хабар медиҳад ВКД Тоҷикистон.

“Мард ба барқасдона расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси марг шуд, гумонбар дониста мешавад. Муноқиша байни мардон шоми 10 июн рух дода, домоди 51-сола ба хонаи гумонбаршуда меояд, то ки ҳамсарашро ба хона баргардонад”, – хабар медиҳад манбаъ.

Гуфта мешавад, дар ҳамин ҳол,  домод нисбат ҳамсар ва хусураш суханҳои қабеҳ гуфта, онҳоро дашному ҳақорат медиҳад.

“Аз ин кори домод хусураш ба ғазаб омада, бо каланд ба сари домодаш зарба мезанад, – зикр мешавад дар хабар. – Дар натиҷа домод ҷароҳати ҷиддӣ бардошта, дар бемористон ҳалок шудааст. Тафтишот идома дорад”.

Дар бораи сабаби рух додани муноқиша байни хусуру домод ва чаро дар хонаи падараш қарор доштани ҳамсари мард хабар дода нашудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.