Аз омӯзгорони яке аз донишгоҳҳои Тоҷикистон талаб доранд баъди сабти изи ангушт ба дарс дароянд

Омӯзгорони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон (ДДОТ) ба номи Садриддин Айнӣ акнун бо сабти изи ангушт ба дарс ҳозир мешаванд. Ҳадаф, пешгирӣ аз дарсшикании омӯзгорон аст. Чанде аз омӯзгорони ин муаассисаи таълимӣ дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфтанд, воқеан, саҳар вақте ба кор ҳозир мешаванд, дар дастгоҳи махсус изи ангушти худро сабт карда, ба донишгоҳ ворид ва […]

Омӯзгорони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон (ДДОТ) ба номи Садриддин Айнӣ акнун бо сабти изи ангушт ба дарс ҳозир мешаванд. Ҳадаф, пешгирӣ аз дарсшикании омӯзгорон аст.

Чанде аз омӯзгорони ин муаассисаи таълимӣ дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфтанд, воқеан, саҳар вақте ба кор ҳозир мешаванд, дар дастгоҳи махсус изи ангушти худро сабт карда, ба донишгоҳ ворид ва ҳамин тариқ ба дарсҳо мебароянд.

Саҳифаи расмии ДДОТ дар “Фейсбук” ҳам гирифтани изи ангуштро аз омӯзгорон барои ворид гардидан ба дарсҳо тасдиқ карда, аз номи Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори донишгоҳ навиштааст, ки “онро танҳо ба хотири тарбияти дурусти донишҷӯён ва роҳ надодан ба дарсшиканиву беназорат гузоштани донишҷӯён ба роҳ мондем”.

Манбаъ тасдиқ кардааст, ки бисёре аз омӯзгорони ин муаассиса дар вақти зарурӣ дар ҷойи кор нестанд ва ё ба таъхир ҳозир мешаванд.

Талаби нав аз омӯзгорон дар ҳолест, ки солҳост масъалаи норасоии кадрӣ дар соҳаи маориф доғ аст ва худи омӯзгорон мегӯянд, маҳз маоши паст ва ҷорӣ нагардидани имтиёзҳое ки аз ҷониби ҳукумат пешниҳод мешавад, яке аз сабабҳои тарки соҳа карданашон мебошад.

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бори охир моҳи августи соли гузашта хабар дода буд, ки норасоии омӯзгоронро дар ҳудуди кишвар аз тақрибан 3,5 ҳазори ду моҳ пеш ба 544 нафар расонидааст. Дар ин бора дафтари матбуотии ин ниҳод хабар медиҳад.

Ба иттилои ин ниҳод, то он замон дар ВМКБ 113 омӯзгор, вилояти Хатлон 25, вилояти Суғд 60,  шаҳри Душанбе 35 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 311 омӯзгор намерасад.

Дар яке аз ҷаласаҳои дигар, Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илм аз норасоии устодони унвондор дар донишгоҳҳо, аз ҷумла аз ДДОТ, ки 30 дарсад намерасад, интиқоди шадид карда буд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми соли 2021 ба Маҷлиси Олӣ соҳаи маорифро интиқоди шадид кард ва гуфт, ин бахш ниёз ба ислоҳоти фарогир дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.