Интиқоди шадиди вазири нави маориф аз норасоии устодони унвондор дар донишгоҳҳо

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Вазири нави маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода аз норасоии омӯзгорони дараҷа ва унвони илмидошта, ба мисли дотсент ва профессор дар донишгоҳҳое, ки омӯзгор омода мекунанд, изҳори нигаронӣ намуда, гуфтааст, онҳо бояд омӯзгорони ҷавони унвондорро ба кор ҷалб кунанд.

Нигаронии вазири маориф дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон низ, дар паёми ахираш ба Маҷлиси Олӣ соҳаи маорифро интиқоди шадид кард ва гуфт, ин бахш ниёз ба ислоҳоти фарогир дорад. Собиқ вазир маориф Муҳаммадюсуф Имомзода зимни нишасти матбуотии рӯзи 3 феврал интиқоди президентро “сад дар сад” дуруст хонда, ваъдаи ислоҳот дода буд.

Раҳим Садзода, дирӯз, 2 март дар ҷаласае дар робита ба омода намудани омӯзгорони оянда дар коллеҷу донишгоҳҳои кишвар аз  дараҷаи азхудкунӣ ва сатҳу сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимии мазкур интиқод карда, сатҳи таҳсилот (онҳое, ки бо баҳои 4-у 5 мехонанд)-ро 35 дарсад арзёбӣ кард.

– Як қатор муаммое мавҷуд аст, ки бояд дар самти бартараф намудани онҳо чораҳои дахлдор андешида шавад. Аз ҷумла, куҳнаю фарсуда будани заминаи моддию техникии аксари муассисаҳои таълимӣ, норасоии нерӯи кадрии муассисаҳо аз ҳисоби омӯзгорони дараҷаву унвони илмидошта ва дар ин зинаи таҳсилот пешбинӣ нагардидани додани дараҷаи унвони дотсент ва профессор, нарасидани китобҳои дарсии тахассусӣ, барномаҳо ва дастурҳои илмӣ-методӣ, дар сатҳи зарурӣ нагузаронидани таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ва пешаздипломии донишҷӯён, инчунин, ба ҷойи кор ҳозир шудани мутахассисони ҷавон-хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, – нигаронӣ намудааст Саидзода.

Номбурда эътироф кардааст, ки ҳоло дар мактабҳои кишвар омӯзгорон намерасанд ва масъулинро зарур аст, ин масъаларо пайгирӣ намуда, ба вазорат пешниҳодҳо манзур кунанд.

Ӯ ҳамчунин, аз ҳозир нашудани хатмкунандагоне, ки аз ҳисоби буҷаи давлат ва квотаҳо таҳсил кардаанд, нигаронӣ карда, гуфтааст, нисбати онҳо чораҷӯӣ намоянд.

Саидзода дар идома аз камбудиҳо дар фаъолияти донишкадаву донишгоҳҳо ёдоварӣ шуда, афзудааст, ки чунин камбудию норасоиҳо дар самти татбиқи низоми кредитии таҳсилот, баргузории сессияҳои санҷишию имтиҳонӣ, аттестатсияи хатм, таҷҳизонидани озмоишгоҳҳо, таъмини муассисаҳо бо технологияҳои муосир ва истифодаи онҳо аз ҷониби омӯзгорон, норасоии китобҳои дарсӣ ва дастурҳои илмию методӣ ба назар мерасад.

Ӯ махсусан аз норасоии омӯзгорони дараҷа ва унвони илмидошта дар муассисаҳои олӣ ёдовар шуда, нигаронӣ кардааст, ки теъдоди омӯзгорони дорои дараҷаи илмидошта дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айни 30 фоиз, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ 17,7 фоиз, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав 19,2 фоиз, Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев 23,5 фоиз, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 43 фоиз, Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт 5,8 фоиз, Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент 10,8 фоизро ташкил медиҳанд, ки ба гуфтаи ӯ, ин нигаронкунанда аст.

– Дар баробари ин, наздики 30 фоизи омӯзгорони дараҷаи илмидошта дар синни нафақа мебошанд. Инчунин, теъдоди омӯзгорони синни то 35-солаи дорои дараҷаи илмидошта аз 5 то 12 фоизро ташкил медиҳад. Фаъолияти муассисаҳои мазкур дар ин самт ба талаботи стандартҳо ва меъёрҳои институтсионалии муайянкунандаи мақоми муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷавобгӯй нест ва он ба омода намудани мутахассисони соҳибкасбӣ соҳаи омӯзгорӣ таъсири худро мерасонад, – гуфтааст Раҳим Саидзода.

Ӯ роҳбарони донишгоҳу донишкадаҳоро вазифадор кардааст, ки ҷиҳати омода ва таъмини омӯзгорони дорои дараҷаи илмидошта аз ҳисоби омӯзгорони ҷавон ва ҷалби онҳо ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ чораҳои қатъӣ андешанд.

Талаби вазири маориф дар робита ба ҷалби омӯзгорони унвондор дар ҳолест, ки тӯли чанд соли охир пойгоҳи таҳқиқотии “Диссернет” бештар аз 60 олими тоҷикро дар асардуздӣ муттаҳам мекунад, ки дар байни дар баробари устодони донишгоҳу донишкадаҳо, ректор ва деканҳои факултаву мудирони кафедраҳо низ ҳастанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...