Таҳсили беш аз ҳазор шаҳрванди Чин дар Тоҷикистон

Date:

Беш аз ҳазор нафар хатмкардаи зинаи бакалаври Донишгоҳи омӯзгории Чин (ДОЧ) барои таҳсил дар зинаи магистратура ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон (ДДОТ) меоянд. Дар ин бора Намоз Хушматов, сармутахассиси шуъбаи байналмилалилии ин донишгоҳ ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.

Ба гуфтаи Хушматов, таҳсили ин теъдод шаҳрвандони Чин аз оғози соли таҳсили нав, аз моҳи сентябри соли 2023 пешбинӣ мешавад.

“Шаҳрвандони чинӣ дар асоси созишномаи ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Ширкати “Технологияи таълими Shangdon Daliangzao”-и назди Донишгоҳи омӯзгории Чин барои таҳсил меоянд.”, – гуфт Намоз Хушматов.

Ӯ меафзояд, ки беш аз ҳазор нафар хатмкардаи ДОЧ дар ДДОТ ба таври шартномавӣ таҳсил хоҳанд кард. Дарсҳои онҳо тариқи фосилавӣ ва ҳузурӣ баргузор мешавад.

Номбурда таъкид мекунад, ба ғайр аз ин созишнома, дигар шаҳрвандони Чин ҳам метавонанд, ки барои таҳсил ба ДДОТ дохил шаванд.

“Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон то имрӯз даҳҳо нафар магистрантони чинӣ таҳсил кардаанд ва дар оянда ҳам ин имкон барои онҳо фароҳам оварда мешавад. Мо барои шаҳрвандони хориҷӣ шароити хуби таҳсил ва ба вижа, забономӯзиро муҳайё мекунем. Онҳо бо хобгоҳ низ таъмин мешаванд”, – иброз медорад Намоз Хушматов.

Бояд гуфт, ки ДДОТ яке аз донишгоҳҳои бузурги кишвар ба ҳисоб меравад ва беш аз 90 сол ба ин сӯ кадрҳои омӯзгорӣ омода мекунад.

Ин донишгоҳ соли 1931 таъсис дода шуда, солҳо ба номи адиби украинӣ Т. Г. Шевченко ва олими тоҷик Қандил Ҷӯраев буд ва аз соли 2007 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ номгузорӣ шудааст.

Ин муаассисаи олӣ ҳоло 13 факултет ва беш аз 34 ихтисос дорад. Дар донишгоҳ зиёда аз 37 нафар докторҳои илм, профессорон ва 111 номзади илм, дотсентон кор мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...