Таҳсили беш аз ҳазор шаҳрванди Чин дар Тоҷикистон

Беш аз ҳазор нафар хатмкардаи зинаи бакалаври Донишгоҳи омӯзгории Чин (ДОЧ) барои таҳсил дар зинаи магистратура ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон (ДДОТ) меоянд. Дар ин бора Намоз Хушматов, сармутахассиси шуъбаи байналмилалилии ин донишгоҳ ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод. Ба гуфтаи Хушматов, таҳсили ин теъдод шаҳрвандони Чин аз оғози соли таҳсили нав, аз моҳи сентябри соли 2023 […]

Беш аз ҳазор нафар хатмкардаи зинаи бакалаври Донишгоҳи омӯзгории Чин (ДОЧ) барои таҳсил дар зинаи магистратура ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон (ДДОТ) меоянд. Дар ин бора Намоз Хушматов, сармутахассиси шуъбаи байналмилалилии ин донишгоҳ ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.

Ба гуфтаи Хушматов, таҳсили ин теъдод шаҳрвандони Чин аз оғози соли таҳсили нав, аз моҳи сентябри соли 2023 пешбинӣ мешавад.

“Шаҳрвандони чинӣ дар асоси созишномаи ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Ширкати “Технологияи таълими Shangdon Daliangzao”-и назди Донишгоҳи омӯзгории Чин барои таҳсил меоянд.”, – гуфт Намоз Хушматов.

Ӯ меафзояд, ки беш аз ҳазор нафар хатмкардаи ДОЧ дар ДДОТ ба таври шартномавӣ таҳсил хоҳанд кард. Дарсҳои онҳо тариқи фосилавӣ ва ҳузурӣ баргузор мешавад.

Номбурда таъкид мекунад, ба ғайр аз ин созишнома, дигар шаҳрвандони Чин ҳам метавонанд, ки барои таҳсил ба ДДОТ дохил шаванд.

“Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон то имрӯз даҳҳо нафар магистрантони чинӣ таҳсил кардаанд ва дар оянда ҳам ин имкон барои онҳо фароҳам оварда мешавад. Мо барои шаҳрвандони хориҷӣ шароити хуби таҳсил ва ба вижа, забономӯзиро муҳайё мекунем. Онҳо бо хобгоҳ низ таъмин мешаванд”, – иброз медорад Намоз Хушматов.

Бояд гуфт, ки ДДОТ яке аз донишгоҳҳои бузурги кишвар ба ҳисоб меравад ва беш аз 90 сол ба ин сӯ кадрҳои омӯзгорӣ омода мекунад.

Ин донишгоҳ соли 1931 таъсис дода шуда, солҳо ба номи адиби украинӣ Т. Г. Шевченко ва олими тоҷик Қандил Ҷӯраев буд ва аз соли 2007 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ номгузорӣ шудааст.

Ин муаассисаи олӣ ҳоло 13 факултет ва беш аз 34 ихтисос дорад. Дар донишгоҳ зиёда аз 37 нафар докторҳои илм, профессорон ва 111 номзади илм, дотсентон кор мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.