Подполковники ВКД аз мансаб барканор шуд. Ӯ ба тамаъҷӯӣ ва таҷовуз ба номус айбдор мешуд

Подполковник Дилмурод Шодизода, ки як зани сокини шаҳри Хуҷанд ӯро ба таммаъҷӯӣ ва таҷовуз ба номус гунаҳкор карда буд, аз мансаби сардори Раёсати тафтишоти Шуъбаи корҳои дохилии Хуҷанд озод карда шуд. Як манбаи наздик ба тафтишот ба Радиои Озодӣ хабар додааст, ки ӯро барои "суистифода аз вазифа" аз кор озод кардаанд. Як намояндаи Раёсати корҳои […]

Asia-Plus

Подполковник Дилмурод Шодизода, ки як зани сокини шаҳри Хуҷанд ӯро ба таммаъҷӯӣ ва таҷовуз ба номус гунаҳкор карда буд, аз мансаби сардори Раёсати тафтишоти Шуъбаи корҳои дохилии Хуҷанд озод карда шуд.

Як манбаи наздик ба тафтишот ба Радиои Озодӣ хабар додааст, ки ӯро барои "суистифода аз вазифа" аз кор озод кардаанд.

Як намояндаи Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд ба шарти фош нашудани номаш рӯзи 19-уми июн барканории афсари баландпояро тасдиқ карда, вале гуфтааст, "тасмим ба даъвои сокини Хуҷанд Шаҳло Давлатова рабт надорад".

"Подполковник ҳоло дар захираи кадрҳои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аст ва сарнавишти баъдияш маълум нест," – афзудааст ӯ.

Мақомот барканории Шодизодаро аз мансаб расман шарҳ надодаанд.

Ёдрас мекунем, ки сокини шаҳри Хуҷанд Шаҳло Давлатова изҳор дошта буд, ки муфаттиши ШВКД Дилмурод Шодизода аз ӯ 30 ҳазор доллар пора талаб кардааст. Номбурда ҳамчунин ӯро бо он гунаҳкор мекунад, ки дар кабинеташ ба номуси ӯ дастдарозӣ кардааст.

Навори видеоии муроҷиати зан моҳи май дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуда буд.

Ба гуфтаи Шаҳло Давлатова, охири соли гузашта ӯ барои даст доштан дар амалиёти ғайриқонунии марбут ба асъор боздошт ва ба 4 соли зиндон маҳкум шуда буд. Бо назардошти кӯдаки хурдсол доштанаш, иҷрои ҳукми суд ба муҳлати чор сол ба таъхир афтод.

Худи Дилмурод Шодизода он замон гуфта буд, дарвоқеъ ҳам тафтиши парвандаи Шаҳло Давлатоваро дар зимма дошт, лекин иттиҳоми тамаъҷӯӣ ва дастдарозиро беасос донист.

Дар ҳамин ҳол, ВКД изҳороти Шаҳло Давлатоваро “бардурӯғ” унвон кард. Ин ниҳод бо нашри раддия дар сомонааш навишт, ки “Давлатова Шаҳло Шералиевна ба хотири худро ҷабрдида ва бегуноҳ вонамуд кардан, бе ягон далел ба подполковники милитсия. тӯҳмат намудааст”.

Бо вуҷуди ин, Агентии мубориза бо коррупсия тафтиши худро оғоз намуда, дар доираи он охири моҳи май вохӯрии рӯбарӯи Дилмурод Шодизода ва Шаҳло Давлатова ташкил карда шуд.

Манбаъ аз ифшои дигар ҷузъиёт худдорӣ варзида, танҳо изҳор дошт, ки бозпурсиҳо ва вохӯриҳои рӯбарӯ дар видео сабт шудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.