Тоҷикистон бинои як мактаби Душанберо ба ихтиёри Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон дод

Бинои як мактаби шаҳри Душанбе ба ихтиёри Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон (ДСРТ) дода шуд. Маросими имзои санад дар ин бора дар доираи сафари муовини сарвазири Русия Марат Хуснуллин ба Душанбе баргузор шуд, хабар медиҳад ТАСС. Шартнома аз ҷониби муовини вазири маориф ва илми Русия Константин Могилевский ва вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода […]

Бинои як мактаби шаҳри Душанбе ба ихтиёри Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон (ДСРТ) дода шуд. Маросими имзои санад дар ин бора дар доираи сафари муовини сарвазири Русия Марат Хуснуллин ба Душанбе баргузор шуд, хабар медиҳад ТАСС.

Шартнома аз ҷониби муовини вазири маориф ва илми Русия Константин Могилевский ва вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода имзо шуд.

Мувофиқи ин санад, бинои мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №52-и шаҳри Душанбе ба тавозуни ДСРТ гузаронида мешавад. Гуфта мешавад, ин ба беҳбуди заминаи моддии муассиса ва таъмиру навсозии он имкон фароҳам меорад.

Дар маросими имзои санад ҳамчунин муовини сарвазири Русия Марат Хуснуллин ва сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҳузур доштанд.

Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон бо қарорҳои ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Русия соли 1996 таъсис дода шуд. Донишгоҳ аввалин муассисаи таълимии олии байнидавдатии ҳарду кишвар буда, ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Русия мақоми донишгоҳи давлатиро дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.