Медали тиллои ду варзишгари тоҷик дар Бозиҳои махсуси ҷаҳонии тобистонаи олимпӣ-Берлин-2023

Ду варзишгари тоҷик дар Бозиҳои махсуси ҷаҳонии тобистонаи олимпӣ-Берлин-2023 ду медали тилло ба даст оварданд. Дар ин бора Сафорати Тоҷикистон дар Олмон хабар дод. Манбаъ гуфт, Абдулҳамид Эмомов, варзишгари тоҷик дар сабқати давидан ба масофаи 200 метр ва Нисора Сафарова, варзишгардухтари дигари тоҷик дар сабқат тенниси рӯйи миз мақоми аввалро касб карда, бо медали тилло […]

Asia-Plus

Ду варзишгари тоҷик дар Бозиҳои махсуси ҷаҳонии тобистонаи олимпӣ-Берлин-2023 ду медали тилло ба даст оварданд. Дар ин бора Сафорати Тоҷикистон дар Олмон хабар дод.

Манбаъ гуфт, Абдулҳамид Эмомов, варзишгари тоҷик дар сабқати давидан ба масофаи 200 метр ва Нисора Сафарова, варзишгардухтари дигари тоҷик дар сабқат тенниси рӯйи миз мақоми аввалро касб карда, бо медали тилло сарфароз гаштанд.

Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Олмон бо ҳайати варзишгарони тоҷик – иштирокунандагони Бозиҳои махсуси ҷаҳонии тобистонаи олимпии мулоқот карда, варзишгарон ва мураббиёнро бо дастовард ва ҳамчунин Рӯзи байналмилалии олимпӣ, ки ҳамасола 23 июн дар саросари ҷаҳон таҷлил мегардад, табрик намуд.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистонро дар ин бозиҳо, ки аз 17 то 25-юми июн дар Берлин баргузор гардид, 3 варзишгар дар ду намуди варзиши сабук – давидан ва тениси рӯи миз намояндагӣ карданд.

Дар он ҳудуди 7000 варзишгари риштаи варзиши сабуки дорои маълулияти рӯҳӣ ва норасоии шадиди зеҳнӣ аз 180 кишвари мухталиф дар 26 намуди варзиш иштирок хоҳанд кард.

Нахустин Бозиҳои махсуси ҷаҳонии тобистонаи олимпӣ соли 1968 дар Чикагои ИМА доир гардида, ҳамакнун мусобиқаҳо дар чор сол як маротиба дар кишварҳои мухталиф гузаронида мешаванд.

Бозиҳои умумиҷаҳонӣ таваҷҷӯҳи бештарро ба татбиқи амалии Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи маъюбон ҷалб карда, имкони иштироки бештари маъюбонро дар ҳаёти иҷтимоӣ ва махсусан дар варзиш фароҳам меоварад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.