Путин шӯриши мусаллаҳонаи Пригожинро “хиёнат” номид

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар муроҷиатномаи телевизионии худ дар робита ба вазъи баамаломада дар Русия гуфт, ҳамаи онҳое, ки дидаву дониста ба роҳи хиёнат, шантаж ва шӯриши мусаллаҳона омода шудаанд, муҷозоти ногузир хоҳанд гирифт ва қувваҳои мусаллаҳ аллакай фармонҳои дахлдор гирифтанд. Муроҷиатномаи телевизионии ӯ, ки рӯзи 24-уми июн тақрибан соати 10 ба вақти Маскав ва […]

Asia-Plus

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар муроҷиатномаи телевизионии худ дар робита ба вазъи баамаломада дар Русия гуфт, ҳамаи онҳое, ки дидаву дониста ба роҳи хиёнат, шантаж ва шӯриши мусаллаҳона омода шудаанд, муҷозоти ногузир хоҳанд гирифт ва қувваҳои мусаллаҳ аллакай фармонҳои дахлдор гирифтанд.

Муроҷиатномаи телевизионии ӯ, ки рӯзи 24-уми июн тақрибан соати 10 ба вақти Маскав ва 12 ба вақти Тоҷикистон, чанд соат пас аз ворид шудани неруҳои мусаллаҳи ширкати ҳарбии хусусии “Вагнер” ба шаҳри Ростови лаби Дон ва ишғол кардани ситоди Округи ҳарбии ҷанубӣ, биноҳои асосии ҳарбӣ ва давлатӣ, пахш шуд.

Ӯ бидуни ном овардан аз шахси муашаххас ҳодисаҳои рухдодаро хиёнат ва хоинӣ ба кишвару халқ номид ва гуфт, Русия худро аз хиёнати дохилӣ ҳифз хоҳад кард.

“Шӯҳратпарастӣ ва манфиатҳои шахсӣ боиси хиёнат ба ватан шуд. Хиёнат ба ватан, ба халқи худ, ба он ормонҳое, ки барои он сарбозон ва фармондеҳони гурӯҳи “Вагнер” бо дигар ҷузъу томҳои мо паҳлӯ ба паҳлӯ ҷангиданд ва кушта шуданд. Ба ном ва шаъну шарафи онҳо нафароне хиёнат карданд, ки исён ташкил карданӣ шуда, мамлакатро ба анархия ва бародаркушӣ, дар ниҳояти кор ба шикаст ва таслим шудан тела медиҳанд”, – гуфт Владимир Путин.

Номбурда афзуд, ки бар муқобили мо (Русия дар назар аст, муаллиф) тамоми мошинаи ҳарбӣ, иқтисодӣ ва иттилоотии Ғарб нигаронида шудааст.

“Ман ҳамчун президент, сафармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳ ва як шаҳрванди Русия барои дифоъ аз кишвар, ҳифзи сохти конститутсионӣ, ҳаёт, амният ва озодии шаҳрвандон ҳама корро мекунам”,- гуфт Путин.

Ӯ аз аҳолӣ даъват кард, ки дар шӯриши мусаллаҳона ширкат накунанд.

“Ҳоло дар Маскав, вилояти Маскав ва як қатор дигар минтақаҳо чораҳои иловагии зиддитеррористӣ ҷорӣ карда мешаванд. Барои ба эътидол овардани вазъ дар Ростови лаби Дон низ чораҳои қатъӣ андешида мешаванд. Вазъият дар Ростови лаби Дон дар пайи шӯриши мусаллаҳона мушкил боқӣ мемонад. Дар Ростов амалан фаъолияти маъмурияти шаҳрвандӣ ва ҳарбӣ дар ҳақиқат баста шудааст”, – гуфт Путин.

Ёдовар мешавем, ки шаби гузашта, 23-юми июн Евгений Пригожин, роҳбари ширкати ҳарбии хусусии “Вагнер” дар як навор гуфт, ки нерӯҳои Вазорати дифои Русия ба пойгоҳҳои ин гурӯҳ зарба задаанд, аз ин рӯ, ӯ бо нерӯҳои мусаллаҳаш, ки даъво дорад 25 ҳазор нафар аст, ба шаҳри Ростови лаби Дон, ба ситоди Округи ҳарбии ҷанубӣ ворид шудааст ва биноҳои асосии ҳарбӣ ва давлатиро ишғол кардааст.

Мақомоти давлатии Русия, аз ҷумла, Хадамоти федералии бехатарӣ, Додситонии кулл ва Вазорати мудофиа ин амал ва изҳороти Евгений Пригожинро “даъват ба исёни мусаллаҳона” тавсиф карда, хабар доданд, ки алайҳи ӯ бо моддаи 279 Кодекси ҷиноятии Русия парванда боз кардаанд. Бар асоси ин модда ба Пригожин аз 12 то 20 соли зиндон таҳдид мекунад.

Дар робита ба ин, Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба шаҳрвандони Тоҷикистон ҳушдор дод, ки аз сафари ғайримақсаднок ба минтақаҳои наздисарҳадии Русия бо Украина  худдорӣ намоянд ва ба ҷойҳои серодам ва чорабинҳои оммавӣ нараванд.

Ин ниҳоди дипломатӣ гуфт, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия иқомат доранд, “барои гирифтани маълумоти бештар метавонанд ба Сафорат ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шаҳрҳои Екатеринбург, Новосибирск, Санкт-Петербург ва Уфа муроҷиат намоянд”.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.