Наҷоти 3 нафар дар дарёи Сир. Ду нафари онҳо наврас будаанд

Date:

Наҷотдиҳандагони дастаи вокуниши фаврии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Суғд рӯзи 2-юми июл, ҳангоми навбатдорӣ дар соҳили рӯди Сир се нафар, аз ҷумла ду наврас ва як мардро аз ғарқшавӣ наҷот доданд.

“Аз ин се нафар ду нафар сокини шаҳри Хуҷанд буда, ҳарду 13-солаанд. Ва сеюмӣ сокини деҳаи Ругунди шаҳри Истаравшан буда, 29 сол доштааст”, – иттилоъ додааст сомонаи КҲФ.

Ба итилои ин ниҳод, ҳар се дар ҷойи мамнуъ барои шиноварӣ оббозӣ мекардаанд.

Гуфта мешавад, пас аз наҷот ба онҳо кӯмаки аввалияи тиббӣ расонида шудааст.

КҲФ аз сокинон хоҳиш кардааст, ки ҳамгоми ҳузур дар соҳили обҳо қоидаҳои бехатарии оббозӣ ва шиновариро ҷиддан риоя намоянд.

Ин ниҳод ба волидон ҳушдор додааст, ки оббозӣ дар ҷойҳои мамнуъ ҳамеша хатарнок аст ва нагузоранд, ки фарзандони ноболиғашон танҳо  оббозӣ раванд.

Бояд гуфт, ки аз оғози соли равон то 5-уми июн дар кӯлу дарё ва дигар обанборҳои кишвар 47 нафар, аз ҷумла 26 ноболиғу наврасони синни то 16-сола ғарқ шудаанд.

Ба иттилои КҲФ сабаби асосӣ – риоя накардани қоидаҳои бехтарӣ дар об ва беназорат гузоштани кӯдакон аз ҷониби калонсолон аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...