Эътирозҳо дар Фаронса. Шаҳрвандони Тоҷикистон осеб надидаанд

Дар миёни қурбониёни эътирозҳо ва боздоштшудаҳо дар Фаронса шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд. Дар ин бора Шоҳин Самадӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии кишвар ба “Азия-Плюс” хабар дод. “Вазорати корҳои хориҷӣ аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Фаронса қарор доранд, хоҳиш мекунад, ки дар ҳолати зарурӣ ба рақамҳои сафорати ҷумҳурӣ дар ин кишвар занг зананд: +330170929342”,- гуфт Шоҳин Самадӣ. […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Дар миёни қурбониёни эътирозҳо ва боздоштшудаҳо дар Фаронса шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд. Дар ин бора Шоҳин Самадӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии кишвар ба “Азия-Плюс” хабар дод.

“Вазорати корҳои хориҷӣ аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Фаронса қарор доранд, хоҳиш мекунад, ки дар ҳолати зарурӣ ба рақамҳои сафорати ҷумҳурӣ дар ин кишвар занг зананд: +330170929342”,- гуфт Шоҳин Самадӣ.

Эътирозҳо дар шаҳрҳои бузурги Фаронса шаби панҷум аст, ки пай дар пай идома дорад. Ин эътирозҳо пас аз марги Ноэл Мерзук, навраси 17-сола, ки шаҳрванди Фаронса бо табори алҷазоирӣ буд, оғоз ёфт. Ӯро полиси Фаронса барои итоат накардан ба талаби нозири роҳ дар ноҳияи Нантер кушт. Ин боиси хашми сокинони Фаронса гашт ва онҳо ба кӯчаҳо рехтанд. Онҳо талаб доранд, ки қатли пайвастаи фаронсавиҳои муҳоҷиршуда хотима дода шавад.

Дар оғоз полиси Фаронса иброз дошт, ки Ноэл Мерзук кормандони полисро ҳадаф қарор дода буд, аммо баъдтар навори аз ҷойи ҳодиса сабтшуда нишон дод, ки нозирони роҳ Ноэлро ҳадаф қарор дода, пас аз ба ҳаракат оғоз кардани мошини ӯ, мепаронанд. Айни ҳол корманди полисе, ки оташ кушода буд, ба ҳабс гирифта шудааст.

Эммануэл Макрон, раисиҷумҳури Фаронса ба наздикони мақтул изҳори ҳамдардӣ карда, ҳодисаро нобахшиданӣ номид.

Роҳбарияти полиси Фаронса, ки дар чунин ҳолатҳо одатан аз мавқеи кормандони худ ҳимоят мекунад, пас тамошои навори куштор, онро “ҳайратовар” номид.

Ҳанӯз хисороти дақиқ аз эътирозҳо маълум нест. Ба гуфтаи вазорати умури дохилии Фаронса, танҳо шаби 2 июл 577 мошин ва 74 бино сӯхта шудааст. Дар кӯчаҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ қариб 870 сӯхтори дигар ба кайд гирифта шудааст.

Теъдоди боздоштшудагон дар ҷараёни ошӯб аз 3 ҳазор нафар гузашт. Дар саросари кишвар ба таври иловагӣ 45 000 корманди ҳифзи ҳуқуқ ҷалб карда шуданд. Дар задухӯрд бо эътирозгарон камаш 45 афсари полис ва жандармерия ҷароҳат бардоштанд.

Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса, хостори хотима додан ба хушунат ва риояи оромӣ шуд, то “адолат пирӯз шавад”.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.