Ифтитоҳи 41 парвандаи ҷиноятӣ барои тасарруфи 2 млн сомонӣ дар Суғд

Барои тасарруфи маблағҳои буҷетӣ аз корхонаву муассисаҳои давлатӣ давоми 6 моҳи соли 2023 аз ҷониби додситонии вилояти Суғд 41  парвандаҳои ҷиноятӣ боз ва 2 млн сомонӣ зарар ошкор карда шудааст. Дар ин бора зимни баргузории ҷаласаи ҷамъбастии мақомоти додситонии вилояти Суғд дар нимсолаи аввали соли 2023 Фурқат Хоҷазода, додситони вилоят иттилоъ дод. Ба иттилои ӯ […]

Афзал Босолиев, махсус барои Asia-Plus

Барои тасарруфи маблағҳои буҷетӣ аз корхонаву муассисаҳои давлатӣ давоми 6 моҳи соли 2023 аз ҷониби додситонии вилояти Суғд 41  парвандаҳои ҷиноятӣ боз ва 2 млн сомонӣ зарар ошкор карда шудааст.

Дар ин бора зимни баргузории ҷаласаи ҷамъбастии мақомоти додситонии вилояти Суғд дар нимсолаи аввали соли 2023 Фурқат Хоҷазода, додситони вилоят иттилоъ дод.

Ба иттилои ӯ аз ҳаҷми умумии зарари ошкоршуда 1,5 млн сомонии он барқарор карда шудааст.

– Додситонии вилоят – 6;

– Додситонии Хуҷанд – 5;

– Додситонии Панҷакент – 5;

– Додситонии Гулистон – 4;

– Додситонии Масчоҳ – 3;

Ҳамчунин, дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят 18 парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Дар умум, ба иттилои Фурқат Хоҷазода, дар ҳамаи самтҳо аз тарафи кормандони додситонӣ 992 маротиба ҳолати иҷрои қонунгузориҳо санҷида шуда, барои бартараф кардани қонунвайронкуниҳо 8 ҳазору 454 санадҳои эътиноии прокурорӣ бароварда шудааст.

Ҳамин тавр, дар пайи ин санҷишҳо, 12 ҳазору 297 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва маъмурӣ кашида шуда, 703 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.