Маҳсулоти кишоварзии арзон. Ярмаркаҳои рӯзҳои истироҳат дар куҷо баргузор мешаванд?

Рӯзҳои истироҳати оянда – 15-16 июл дар боғҳои фарҳангу фароғатии Душанбе ярмаркаҳои маҳсулоти кишоварзӣ баргузор мешаванд. Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, ярмаркаҳо дар боғҳои зерини пойтахт барпо мешаванд: Рӯзи шанбе, 15 июл дар Боғи фарҳангу истироҳати “Хайём” маҳсулоти кишоварзони Панҷакент, дар боғи фарҳангу истироҳати “Боғи кӯдакон” – деҳқонони ноҳияи Ашт, дар боғи “Куруши Кабир” […]

Asia-Plus

Рӯзҳои истироҳати оянда – 15-16 июл дар боғҳои фарҳангу фароғатии Душанбе ярмаркаҳои маҳсулоти кишоварзӣ баргузор мешаванд.

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, ярмаркаҳо дар боғҳои зерини пойтахт барпо мешаванд:

Рӯзи шанбе, 15 июл дар Боғи фарҳангу истироҳати “Хайём” маҳсулоти кишоварзони Панҷакент, дар боғи фарҳангу истироҳати “Боғи кӯдакон” – деҳқонони ноҳияи Ашт, дар боғи “Куруши Кабир” – кормандони соҳаи кишоварзии шаҳри Норак ба намоишу фурӯш пешкаш мешавад.

Рӯзи 16 июл дар “Боғи Ирам” (Боғи ботаникӣ) маҳсулоти кишоварзони шаҳри Исфара, дар боғи “Кӯли ҷавонон” – маҳсулоти кишоварзони ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ва дар боғи “Алишери Навоӣ” – маҳсулоти кишоварзони ноҳияи Хуросон ба маърази тамошо фурӯш гузошта мешавад.

Дар Вазорати кишоварзӣ зикр мекунанд, ки дар ин ярмаркаҳо маҳсулоти кишоварзӣ бо нархҳои нисбатан арзон аз бозор фурӯхта мешавад.

Масалан, 1 кило картошка 4-4,50 сомонӣ, пиёз — 1,80-2 сомонӣ, сабзӣ — 3 сомонӣ, 1 кило гӯшти гов — 55 сомонӣ, 30 дона тухм — 27 сомонӣ, мева — аз 2 то 5 сомонӣ, 1 дона тарбуза — 10-12 сомонӣ, 5 литр равған — 65 сомонӣ ва як халта орд (50 кило) — 210 сомонӣ нарх хоҳанд дошт.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Қосим Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт 

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.