“Барои ислоҳот дар низоми молияи давлатӣ, бозори меҳнат ва муҳоҷират”. Иттиҳодияи Аврупо ба Тоҷикистон 30 млн евро ҷудо мекунад

Иттиҳоди Аврупо дар доираи лоиҳаи “Таҳсилот ва тайёрии техникӣ/касбӣ ва Барномаи дастгирии буҷети соҳаи шуғл” ба Тоҷикистон 30 миллион евро ҷудо мекунад. Дар ин бора Вазорати молияи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад. Ба иттилои манбаъ, дирӯз, 11-уми июл, маросими баимзорасонии созишномаи молиявӣ байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баргузор шудааст. Созишномаи мазкурро Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон ва […]

Иттиҳоди Аврупо дар доираи лоиҳаи “Таҳсилот ва тайёрии техникӣ/касбӣ ва Барномаи дастгирии буҷети соҳаи шуғл” ба Тоҷикистон 30 миллион евро ҷудо мекунад. Дар ин бора Вазорати молияи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, дирӯз, 11-уми июл, маросими баимзорасонии созишномаи молиявӣ байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баргузор шудааст.

Созишномаи мазкурро Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон ва Раймундас Кароблис, роҳбари Намояндагӣ, сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ба имзо расонидаанд.

“Ҳадафи асосии Барнома амалӣ намудани ислоҳот дар низоми идоракунии молияи давлатӣ, таъмини шаффофияти буҷетӣ ва буҷетикунонии барномавӣ, дастгирии низоми таҳсилоти техникӣ/касбӣ, бозори меҳнат, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷиратро дар бар мегирад”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, маблағе, ки тибқи ин созишнома пешниҳод мегардад 30 миллион евроро ташкил мекунад.

Зикр кардан ба маврид аст, ки Иттиҳодияи Аврупо яке аз созмонҳои кӯмакрасони Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ва дар бахшҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ ҳамкорӣ мекунад. Аз ҷумла, ин созмон ҷандин лоиҳаро барои рушди фарогири деҳоту бахши кишварзӣ амалӣ намудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.