Доналд Трамп ҳабсашро дар робита ба ҳамлаи Капитолия аз эҳтимол дур намедонад

Президенти собиқи ИМА Доналд Трамп изҳор дошт, ки дар робита ба ҳодисаҳои 6 январи соли 2021, вақте ки ҷонибдоронаш ба Капитолия ҳамла карданд, ӯро метавонанд ба ҳабс гиранд.  Ба гузориши бахши русии ВВС, Трамп гуфтааст, ки ӯ ҳамчунин метавонад дар иртибот ба талошҳои баҳсбарангези натоиҷи интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2020, ки дар он мағлуб шуд, муҷозот […]

Asia-Plus

Президенти собиқи ИМА Доналд Трамп изҳор дошт, ки дар робита ба ҳодисаҳои 6 январи соли 2021, вақте ки ҷонибдоронаш ба Капитолия ҳамла карданд, ӯро метавонанд ба ҳабс гиранд. 

Ба гузориши бахши русии ВВС, Трамп гуфтааст, ки ӯ ҳамчунин метавонад дар иртибот ба талошҳои баҳсбарангези натоиҷи интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2020, ки дар он мағлуб шуд, муҷозот шавад.

Шаби якшанбе, прокурори махсус Ҷек Смит ба Трамп хабар додааст, ки ӯ таҳти тафтишоти федералӣ қарор дорад, навиштааст Трамп.

Трамп гуфтааст, ки дар назди ҳакамони васеъ ё ба истилоҳ доварони бузург ҳозир хоҳад шуд, ки ба гуфтаи ӯ  "тақрибан ҳамеша маънои боздошт ва айбдоркуниро дорад."

Ин сеюмин иттиҳоми ҷиноии Трамп хоҳад буд, аз ҷумла парвандае, ки аз ҷониби гурӯҳи Смит барои муносибати хунукназарона бо ҳуҷҷатҳои махфӣ боз шудааст.

Дар додгоҳи Ню-Йорк Трамп ҳамчунин ба тақаллуби сабтҳои муҳосибӣ барои пардохт ба ҳунарпешаи порнографӣ Сторми Даниэлс муттаҳам мешавад.

Додситонӣ бар ин назар аст, ки дар соли 2016, пеш аз интихоботи президентӣ, Трамп барои хомӯшии ӯ ба вай пул додааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.