“Бо ресмону қулф дардҳоро “шифо” мебахшид”. Боздошти як зани фолбин дар Шаҳритус

Date:

Дар ноҳияи Шаҳритус сокини маҳаллӣ Гулбаҳор Исимоваи 49-сола бо иттиҳоми машғул шудан ба фолбинӣ ва ҷодугарӣ дастгир карда шуд. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, Исимова аз ашёи гуногун, аз ҷумла шамъ, ресмон, калид ва қулф истифода карда, иддао кардааст, ин ба ӯ имкон медиҳад, ки бемориҳоро табобат кунад.

Ба иттилои манбаъ, ӯӮ бо ин роҳ “пули муфт” ба даст меовардааст.

Назари худи зан ва наздикону вакили дифоаш маълум нест.

Нисбати номбурда бо моддаи 482, қисми 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ (машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ) протоколи маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Гуфтан ба маврид аст, ки дар моддаи мазкур ҷарима ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз 40 то 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як ҳисоб ба 68 сомонӣ баробар аст) пешбинӣ мешавад.

Агар ин кирдор дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такрор шавад, гунаҳкор ба андозаи аз 60 то 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...