“Бо ресмону қулф дардҳоро “шифо” мебахшид”. Боздошти як зани фолбин дар Шаҳритус

Дар ноҳияи Шаҳритус сокини маҳаллӣ Гулбаҳор Исимоваи 49-сола бо иттиҳоми машғул шудан ба фолбинӣ ва ҷодугарӣ дастгир карда шуд. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад. Ба гуфтаи манбаъ, Исимова аз ашёи гуногун, аз ҷумла шамъ, ресмон, калид ва қулф истифода карда, иддао кардааст, ин ба ӯ имкон медиҳад, ки бемориҳоро табобат кунад. […]

Дар ноҳияи Шаҳритус сокини маҳаллӣ Гулбаҳор Исимоваи 49-сола бо иттиҳоми машғул шудан ба фолбинӣ ва ҷодугарӣ дастгир карда шуд. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, Исимова аз ашёи гуногун, аз ҷумла шамъ, ресмон, калид ва қулф истифода карда, иддао кардааст, ин ба ӯ имкон медиҳад, ки бемориҳоро табобат кунад.

Ба иттилои манбаъ, ӯӮ бо ин роҳ “пули муфт” ба даст меовардааст.

Назари худи зан ва наздикону вакили дифоаш маълум нест.

Нисбати номбурда бо моддаи 482, қисми 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ (машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ) протоколи маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Гуфтан ба маврид аст, ки дар моддаи мазкур ҷарима ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз 40 то 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як ҳисоб ба 68 сомонӣ баробар аст) пешбинӣ мешавад.

Агар ин кирдор дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такрор шавад, гунаҳкор ба андозаи аз 60 то 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.