“Калидро ба соҳибхонаҳо додем”. Хонаҳои бар асари фуромадани тарма дар Роштқалъа харобшударо аз нав сохтаанд

Хонаҳое, ки моҳи марти соли 2022 бар асари фуромадани тарма дар деҳаи Шоди ноҳияи Роштқалъа хароб гардида буданд, дубора барқарор карда шуда, ба истифода дода шудаанд. Дар ин бора ҳукумати ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ иттилоъ медиҳад. Ба гуфтаи манбаъ, бо супориши Эмомалӣ Раҳмон ҷойи сохтмони хонаҳои нави истиқоматӣ муайян гардида, аз ҷониби Вазорати энергетика ва захираҳои […]

Хонаҳое, ки моҳи марти соли 2022 бар асари фуромадани тарма дар деҳаи Шоди ноҳияи Роштқалъа хароб гардида буданд, дубора барқарор карда шуда, ба истифода дода шудаанд. Дар ин бора ҳукумати ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ иттилоъ медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, бо супориши Эмомалӣ Раҳмон ҷойи сохтмони хонаҳои нави истиқоматӣ муайян гардида, аз ҷониби Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, Ширкати “Помир Энерҷӣ” ва  ҳукумати ноҳия ва вилоят моҳи марти соли 2022 сохтмони хонаҳо оғоз гардидаанд.

“Бунёди хонаҳо моҳи июли соли 2023 ба анҷом расида, калидҳои онҳо аз тарафи Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ба соҳибонашон супорида шуд”, – менависад ҳукумати ноҳияи Роштқалъа.

Гуфта мешавад, масоҳати умумии ҳар як хона 182 метри квадратиро ташкил дода, дар ин ҷо дар баробари дигар утоқҳои маишӣ ҳамчунин хонаи миллии бадахшонӣ бунёд гардидааст.

Давлатшо Ҷумъахонов, яке аз сокинони деҳа иброз доштааст, ки хонаҳои истиқоматии бунёдшуда “барои зисту зиндагонӣ қулай ва дорои ҳамаи шароитҳо мебошанд”.

Бояд гуфт, ки рӯзи 27-уми июн дар натиҷаи якбора гарм шудани ҳаво, обшавии босуръати пиряхҳо, баландшавии оби дарёи Шоҳдара ва омадани сел дар деҳаи Миденведи деҳоти Барвози ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ офати табиӣ рух дод.

“Офати табиӣ ба чандин хонаи истиқоматии аҳолӣ, роҳу пулҳо, иншооти иҷтимоӣ ва заминҳои кишоварзӣ зарар расонид”, – хабар медод Хадамоти матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Хисороти ин офати табиӣ то ба ҳол расонаӣ нашудааст. Масъулини Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар ин маврид иттилоъ ироа намекунанд.

Танҳо хадамоти матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон менависад, ки 210 хонаводаро масъулин ба ҷойҳои бехавф кӯчонаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.