Аз ёдгориҳои нави таърихӣ то тавсифи рақси мардона. Вазири фарҳанг боз чӣ гуфт?

Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон зимни нишасти матбуотии имрӯза хабар дод, ки ба эҳтимоли зиёд ёдгориҳои таърихию фарҳангии долони “Зарафшон-Қароқум” моҳи сентябри соли 2023 ба Рӯйхати асосии мероси фарҳанги ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил мешаванд. Ба гуфтаи ӯ, Иҷлосияи навбатии ЮНЕСКО дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад ва намояндагони созмон дар ин ҷо хулосаи ниҳоиро мебароранд. Инчунин, вазири […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон зимни нишасти матбуотии имрӯза хабар дод, ки ба эҳтимоли зиёд ёдгориҳои таърихию фарҳангии долони “Зарафшон-Қароқум” моҳи сентябри соли 2023 ба Рӯйхати асосии мероси фарҳанги ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил мешаванд.

Ба гуфтаи ӯ, Иҷлосияи навбатии ЮНЕСКО дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад ва намояндагони созмон дар ин ҷо хулосаи ниҳоиро мебароранд.

Инчунин, вазири фарҳанг афзуд, то охири соли 2023 корҳои номинатсионии долони “Фарғона-Сирдарё” пурра ба анҷом расонида шуда, барои шомил намудани ёдгориҳои долони мазкур ба Рӯйхати пешакии мероси фарҳанги умумибашарӣ ирсол мегардад.

“Ҳамзамон, корҳо оид ба пешбурди номинатсияи “Ҳулбук-Хуттали қадим” аз ҷониби мутахассисони вазорат бо ҷалби коршиносони байналмилалӣ дар сатҳи хуб ба роҳ монда шудааст”, – илова кард Зулфия Давлатзода.

Зулфия Давлатзода ҳамчунин гуфт, рӯзҳои 3-5-уми октябри соли 2023 дар пойтахти кишвар намоиши байналмилалии “Китоби Душанбе” баргузор мешавад.

“Мактубҳои расмӣ ба вазорати фарҳанги як қатор кишварҳои ҷаҳон фиристода шуда, аз онҳо расман даъват шудааст, ки дар намоиши байналмилалии “Китоби Душанбе” ширкат варзанд”, – гуфт Давлатзода.

Зулфия Давлатзода инчунин, дар нишасти матбуотӣ рақси мардонаи сокинони Бадахшонро тавсиф кард.

“Рақси мардона қонунҳои худро дорад ва беҳтар аст, ки донем. Мардони ВМКБ қонунҳои рақси мардонаро хуб медонанд ва зебо ҳам мерақсанд. Занони ин минтақа низ рақси вижаи худро доранд”, – гуфт Давлатзода.

Зулфия Давлатзода илова кард, ки дар озмуни ҷумҳуриявии “Андалеб” номинаи рақси мардона ҳаст ва хоҳишмандону шавқмандон метавонанд дар он ширкат варзанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.