Ниҳоди Омбудсмен: Паҳншавии хушунати оилавӣ аз муроҷиат барои ёрӣ зиёдтар аст

Зимни нишасти хабарии имрӯзаи ниҳоди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен) дар Тоҷикистон сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқи кӯдакон Қодирӣ Суҳайлӣ Абдуҳафиззода ба “Азия-Плюс” дар бораи вазъи нигаронкунандаи марбут ба зӯроварӣ дар оила дар Тоҷикистон изҳори назар кард. Ба гуфтаи ӯ, дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ ҳамагӣ 5 нафар бо муроҷиат дар бораи пешгирии […]

Нигина Аслонова Asia-Plus

Зимни нишасти хабарии имрӯзаи ниҳоди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен) дар Тоҷикистон сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқи кӯдакон Қодирӣ Суҳайлӣ Абдуҳафиззода ба “Азия-Плюс” дар бораи вазъи нигаронкунандаи марбут ба зӯроварӣ дар оила дар Тоҷикистон изҳори назар кард.

Ба гуфтаи ӯ, дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ ҳамагӣ 5 нафар бо муроҷиат дар бораи пешгирии хушунати оилавӣ ба омбудсмен муроҷиат кардаанд.

Абдуҳафиззода зикр кард, ки се то муроҷиат ба зӯроварӣ нисбати калонсолон ва дуто ба хушунат нисбати кӯдакон дахл доранд.

Дар яке аз ҳолатҳо падар фарзандони худро пас аз ҷудошавӣ бо ҳамсараш лату кӯб мекардааст ва дар ҳамин ҳол, онҳо дар як хона зиндагӣ мекардаанд. Дар ҳолати дигар кӯдакон аз ҷониби келин мавриди хушунат қарор гирифта, модарашон дар муҳоҷирати корӣ дар Русия будааст ва фарзандонашро таҳти парастории хешовандонаш мондааст.

Сарфи назар аз баргузории суҳбатҳо дар ҳарду ҳолат, Қодирӣ изҳори нигаронӣ намуд, ки нисбат ба муроҷиатҳо, чунин ҳолатҳои зӯроварии оилавӣ дар кишвар хеле зиёдтар ба мушоҳида мерасад.

“Мутаассифона, дар бораи далелҳои хушунати оилавӣ омори алоҳида бурда намешавад, ки метавонад аз рақамҳои расмӣ фарқ дошта, миқёси воқеии мушкилот дар ин самтро нишон надиҳад”, – гуфт ҳамсуҳбати мо.

Дар пасманзари ин мушкилот ӯ муҳим будани ҷорисозии ҳуҷҷатҳои расмиро зимни интиқоли парасторӣ таъкид кард, то ки амният ва некӯаҳволии кӯдакони зери парастории хешовандон қарордошта таъмин шавад.

Ба ақидаи ӯ, чунин механизмҳо ба мақомоти давлатӣ имкон медиҳанд, ки вазъро бештар пурсамар назорат карда, ба шахсони аз хушунати оилавӣ зарадида кумак кунанд.

Ғайр аз ин, Қодирӣ Суҳайлӣ Абдуҳафиззода дар бораи санадҳои маъмурии дар нимсолаи аввал таҳияшуда мутобиқи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон – Иҷро накардани уҳдадориҳои парасторӣ ва таълиму тарбияи ноболиғон маълумот дод.

Шумори онҳо 8 ҳазору 659 ададро ташкил дода, 9-то зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст. Дар натиҷа 5 ҳазору 65 нафар қонуншиканон ба маблағи умумии 814 ҳазору 172 сомонӣ ҷарима шудаанд.

Ғайр аз ин, Қодирӣ тамоили мусбати коҳиши ҷиноятҳои содиршуда аз ҷониби ноболиғонро қариб ба андозаи 40%, инчунин 10% коҳиш ёфтани  ҷиноятҳои марбут ба кӯдаконро зикр кард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.