Суди олии Тоҷикистон як гуруҳи фейсбукиро мамнӯъ ва экстремистӣ эълон кард

Суди олии Тоҷикистон фаъолияти гуруҳи фейсбуки “Новый Таджикистан 2” ва саҳифаҳои интернетии гурӯҳи аъзоёни онро дар қаламрави мамлакат манъ кард. Дар ин бора Додситонии кулли Тоҷикистон иттилоъ медиҳад. Ба иттилои ин ниҳод, Додгоҳи олии Тоҷикистон 21-уми июни соли 2023 аризаи Додситони кулли кишварро “ба манфиати ҳимояи асосҳои сохти конститутсионӣ, амният ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонеъ карда”, […]

Суди олии Тоҷикистон фаъолияти гуруҳи фейсбуки “Новый Таджикистан 2” ва саҳифаҳои интернетии гурӯҳи аъзоёни онро дар қаламрави мамлакат манъ кард. Дар ин бора Додситонии кулли Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ба иттилои ин ниҳод, Додгоҳи олии Тоҷикистон 21-уми июни соли 2023 аризаи Додситони кулли кишварро “ба манфиати ҳимояи асосҳои сохти конститутсионӣ, амният ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонеъ карда”, сомонаи “НОВЫЙ ТАДЖИКИСТАН 2”-ро ташкилоти экстремистӣ ва иғвоангез эътироф намуд ва фаъолияти онро дар қаламрави кишвар манъ кард.

Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки тибқи ҳалномаи Додгоҳи олӣ саҳифаҳои интернетии гурӯҳи аъзоёни он низ баста шуданд.

Додситонии кулли кишвар ба маълумоти шаҳрвандон расонидааст, ки “дар ҳар шакл ҳамкорӣ намудан бо ин ташкилоти экстремистӣ ва роҳбарону аъзоёнаш ғайриқонунӣ буда, мусоидат ва анҷом додани амалҳои мушаххас ба манфиати онҳо боиси ҷавобгарии ҷиноятӣ мегардад”.

Радиои Озодӣ навиштааст, ки ин саҳифаро фаъолони созмони “Гурӯҳи 24”, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъ эълон шудааст, пеш мебаранд. Таъкид мегардад, ки дар ин гуруҳ умдатан навиштаҳои интиқодӣ аз ҳукумати Тоҷикистон нашр мешавад.

Ин расона аз қавли яке аз роҳбарони ин гуруҳ навиштааст, ки “бастан роҳи ҳал нест, чун мардум аз ҳар тариқе хабари заруриашро пайдо мекунад ва бештар эҳтиёткору пинҳонкор мешаванд”.

Гуфтан зарур аст, ки қаблан бо қарори Суди олии Тоҷикистон аз 14-уми июни соли 2023 ташкилоти “Памир дейли нюс”   (“Pamir Daily News”)  ё  “Памир нюс” (“Pamir News”) ташкилоти экстремистӣ эътироф гардид ва фаъолияташ дар ҳудуди Тоҷикистон манъ карда шуд.

Соли 2020 Суди олии Тоҷикистон сомонаи хабарии “Ахбор”-ро ҳам мамнӯъ эълон карда, изҳор намуд, ки мундариҷаи он ба манфиатҳои “террористону ифротгароён” хидмат мекунад.

Мувофиқи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, барои иштирок дар ташкилоте, ки аз ҷониби суд экстремистӣ (ифротгаро) эътироф гардидаааст, ба муҳлати аз 5 то 8 соли маҳрумият аз озодӣ ҷазо пешбинӣ шудааст.

Созмонҳои байналмилалии рӯзноманигорон ва ҳомии ҳуқуқ мунтазам Тоҷикистонро барои маҳдуд кардани озодии сухан ва фишор болои журналистону блогерҳо мавриди интиқод қарор медиҳанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.