Садамаи пурқурбонӣ дар ноҳияи А. Ҷомиро додситонии вилояти Хатлон тафтиш мекунад

Додситонии вилояти Хатлон маводҳои вобаста ба садамаи нақлиётии дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ рухдодаро, ки боиси марги шаш нафар гардид, талаб карда, таҳқиқи ҳодисаро ба зимма гирифтааст. Валӣ Ваҳҳобов, муовини додситони вилояти Хатлон зимни нишасти матбуотӣ, ки имрӯз, 26-уми июл баргузор шуд, дар посух ба саволи хабарнигорон гуфт, ки “ҳодисаро айни замон прокуратураи вилоят таҳқиқ дорад”. […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Додситонии вилояти Хатлон маводҳои вобаста ба садамаи нақлиётии дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ рухдодаро, ки боиси марги шаш нафар гардид, талаб карда, таҳқиқи ҳодисаро ба зимма гирифтааст.

Валӣ Ваҳҳобов, муовини додситони вилояти Хатлон зимни нишасти матбуотӣ, ки имрӯз, 26-уми июл баргузор шуд, дар посух ба саволи хабарнигорон гуфт, ки “ҳодисаро айни замон прокуратураи вилоят таҳқиқ дорад”.

“Муфатишон баёноти шоҳидон, сабти камераҳои назоратии яке аз мағозаҳоро дастрас кардаанд. Ҳамаи паҳлӯҳои ин ҳодиса омӯхта шуда, дар асоси далелҳо қарори қонунӣ қабул карда мешавад”, – гуфт Валӣ Ваҳҳобов.

Аммо ӯ аз ироаи ҷузъиёти садами мазкур худдорӣ кард ва нагуфт, ки омили аслии он чӣ аст.

Садмаи мазкур рӯзи 21 июл рух дода, дар натиҷаи он 6 нафар ҷон бохтанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори ин садама бо шарҳи ин ки он бо таъқиби маъмурони БДА рух додааст, нашр шуд.

Радиои Озодӣ бо такя ба манобеаш аз миёни сокинони маҳаллӣ навиштааст, “мошине, ки ба садама дучор шуд, барои итоат накардани ба амри нозирони БДА аз ҷониби нозирон таъқиб мешуд ва эҳтимол ҳангоми фирор бо суръати баланд чаппа шудааст”.

Бо гузашти 5 рӯз аз садама, мақомоти расмӣ, аз ҷумла ВКД то ҳол онро расман шарҳ надодаанд. Кӯшишҳои мо барои дастрас кардани иттилоъ аз ниҳодҳои расмӣ бесамар буд.

Ҳоло танҳо маълум аст, ки аз шаш нафари ҷонбохта, 4 нафари онҳо, бо шумули як кӯдак пайдо шудаву ҷустуҷӯи ду кӯдаки дигара идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.