Тоҷикистон ба Бозиҳои XIX Осиё 100 варзишгар мефиристад

Бозиҳои XIX Осиё аз 23 сентябр то 8 октябр дар шаҳри Ханчжоуи музофоти Чжетсзяни Чин баргузор мешаванд. Дар ин бозиҳо Тоҷикистонро 100 варзишгар намояндагӣ мекунанд, хабар дод Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон. Дар назар аст, ки дар Бозиҳои XIX Осиё теъдоди рекордии варзишгарон иштирок кунанд. Барои иштиок дар бозиҳо аз ҷониби 45 кумитаҳои милли олимпӣ – […]

Бозиҳои XIX Осиё аз 23 сентябр то 8 октябр дар шаҳри Ханчжоуи музофоти Чжетсзяни Чин баргузор мешаванд. Дар ин бозиҳо Тоҷикистонро 100 варзишгар намояндагӣ мекунанд, хабар дод Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Дар назар аст, ки дар Бозиҳои XIX Осиё теъдоди рекордии варзишгарон иштирок кунанд.

Барои иштиок дар бозиҳо аз ҷониби 45 кумитаҳои милли олимпӣ – аъзои Шӯрои олимпии Осиё зиёда аз 12,5 ҳазор нафар варзишгарон ба қайд гирифта шудаанд.

Дар Бозиҳои пешини 18-уми Осиё дар соли 2018 дар Ҷакарта ва Палембанг (Индонезия) 11 ҳазору 300 нафар варзишгарон сабтином шуда буданд.

Барномаи имсолаи бозиҳо аз 40 навъи варзиш иборат аст. Қобили зикр аст, ки дар ин бозиҳо бори аввал оид ба кибервазиш ва брейк-данс мусобиқаҳо гузаронида мешаванд.

Мусобиқаҳо дар 54 майдони варзишӣ дар Ханчжоу ва 5 шаҳри музофоти Чжетсзян – Нинбо, Вэнчжоу, Сзинхуа, Шаосине ва Хучжоу доир мегарданд.

Бозиҳои XIX Осиё дар Ханчжоу бояд аз 10 то 25 сентябри соли 2022 баргузор мешуданд. Аммо бо сабаби афзоиши ҳолатҳои сироят аз COVID-19-и навъи «Омикрон, қарор шуд, ки он то тирамоҳи имсол мавқуф гузошта шавад. Ин қарор аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Шӯрои олимпии Осиё қабул шуд.

Бозиҳои Осиё шурӯъ аз соли 1952 ҳар чор сол таҳти сарпарастии Шӯрои олимпии Осиё баргузор мешаванд. Тоҷикистон аз соли 1994 дар ин бозиҳо ширкат варзида, то ин дам 27 медал ба даст овардааст, ки 4-тоаш медали тилло, 6-тоаш – нуқра ва 17-тоаш биринҷӣ мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.