1-уми август қабули хонандагон ба синфи якум оғоз мешавад

Дар Тоҷикистон аз 1-уми август қабули хонандагон ба синфи якум оғоз мегардад. Ба синфи ибтидоӣ онҳое пазируфта мешаванд, ки то охири соли 2016 таваллуд шудаанд. Дар ин бора Наврӯзи Мирзо, сухангӯи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло дар тамоми муассисаҳои таълимии мамлакат омодагӣ ба соли нави хониш идома […]

Дар Тоҷикистон аз 1-уми август қабули хонандагон ба синфи якум оғоз мегардад. Ба синфи ибтидоӣ онҳое пазируфта мешаванд, ки то охири соли 2016 таваллуд шудаанд. Дар ин бора Наврӯзи Мирзо, сухангӯи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, ҳоло дар тамоми муассисаҳои таълимии мамлакат омодагӣ ба соли нави хониш идома дорад.

“Қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба имзо расидааст ва тибқи он, номнависи хонандагон барои қабул ба синфи якум аз 1-уми август оғоз мешавад”, – гуфт Наврӯзи Мирзо.

Сухангӯи Вазорати маориф ва илм таъкид кард, ки “имсол кӯдаконе, ки то 31-уми декабри соли 2016 таваллуд шудаанд, ба синфи якум мераванд. Агар кӯдак 1-уми январи соли 2017 ва баъди он таваллуд шуда бошад, ба синфи якум қабул карда намешавад”.

“Ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ кӯдакон ба синфи якум ройгон қабул карда мешаванд. Дар ҳолати аз ҷониби масъулин талаб намудани маблағ волидайн метавонанд, ки ба рақами боварии Вазорати маориф ва илм – 227 76 86 занг зада, шикоят кунанд”, – гуфт Наврӯзи Мирзо.

Бояд гуфт, ки тибқи Низомномаи Вазорати маориф ва илм, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои ба синфи якум қабул намудани хонандагон ҳуҷҷатҳои зерин лозим аст:

  • варақаи шахсии хонанда;
  • ду дона расми 3х4;
  • аризаи волидайн барои қабул;
  • шаҳодатномаи таваллуди кӯдак;
  • маълумотномаи тиббӣ;
  • ду нусхагӣ шиносномаи волидайн;
  • шаҳодатномаи ақди никоҳи волидайн;
  • маълумотнома аз ҷой зист.

Соли нави таҳсил дар Тоҷикистон расман рӯзи 1-уми сентябр оғоз мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.