“Як ваҷаб замин барои сохтмон ҷудо намешавад”. Раиси шаҳри Хуҷанд маҳаллаҳоеро, ки бунёди бино манъ мешавад, номбар кард

Фирдавс Шарифзода, раиси шаҳри Хуҷанд зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки минбаъд барои бунёди биноҳои баландошёна дар се маҳаллаи шаҳр – 18, 19 ва 20 иҷоза дода намешавад. Сокинони ин маҳалҳо қаблан шикоят карда буданд, ки ширкатҳои сохтмонӣ дар майдончаҳои кӯдакона низ бинои баландошёна месозанд. “Дар маҳаллаҳои мазкур барои бунёди биноҳои баландошёна дигар ҷой нест”, – […]

Фарзона Муродӣ, махсус барои Asia-Plus

Фирдавс Шарифзода, раиси шаҳри Хуҷанд зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки минбаъд барои бунёди биноҳои баландошёна дар се маҳаллаи шаҳр – 18, 19 ва 20 иҷоза дода намешавад. Сокинони ин маҳалҳо қаблан шикоят карда буданд, ки ширкатҳои сохтмонӣ дар майдончаҳои кӯдакона низ бинои баландошёна месозанд.

“Дар маҳаллаҳои мазкур барои бунёди биноҳои баландошёна дигар ҷой нест”, – гуфт раиси шаҳри Хуҷанд.

Бояд зикр кард, ки қаблан як гурӯҳ сокинони ин маҳалҳо ба “Азия-Плюс” шикоят карда буданд, ки ширкатҳои сохтмонӣ мехоҳанд дар майдончаи кӯдакони ин маҳаллаҳо хонаҳои баландошёна бунёд кунанд.

Ҳамчунин, зимни ин нишасти матбуотӣ, раиси шаҳри Хуҷанд иттилоъ дод, ки дар шаш моҳи соли равон, баъди санҷиши сифати сохтмонҳо, корҳои сохтмонии се бинои истиқоматӣ, бинобар ҷавобгӯ набудан ба талаботҳои сохтмон, боздошта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки бунёди биноҳо дар маҳаллаҳои сераҳолӣ ва майдончаҳои бозии кӯдакон дар дигар манотиқи кишвар низ боиси ташвиш гаштааст. Аз ҷумла, чанде пештар раиси вилояти Хатлон ҳам ба масъулини шаҳрдории маркази вилоят – шаҳри Бохтар дастур дод, ки барои бунёди биноҳои баландошёна дар маҳаллаҳои сербино ва майдончаҳои бозии кӯдакон иҷоза надиҳанд. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.