Ба деҳаи аз селфароӣ осебдидаи ноҳияи Айнӣ кумак фиристода шуд

Офати табиӣ, ки пас аз боришоти шадид дар минтақаи шимоли Тоҷикистон рух дод, ба зиёда аз 60 манзил зарар расонид. Ба иттилои Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Айнӣ, бар асари фаромадани сел дар қаламрави ҷамоати Урметани ноҳияи Айнӣ рӯзи 28 июл 161 хоҷагӣ осеб дид. Аз ҷумла селу лойқа 16 хонаро қисман зер карда, ба 64 […]

Asia-Plus

Офати табиӣ, ки пас аз боришоти шадид дар минтақаи шимоли Тоҷикистон рух дод, ба зиёда аз 60 манзил зарар расонид.

Ба иттилои Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Айнӣ, бар асари фаромадани сел дар қаламрави ҷамоати Урметани ноҳияи Айнӣ рӯзи 28 июл 161 хоҷагӣ осеб дид.

Аз ҷумла селу лойқа 16 хонаро қисман зер карда, ба 64 иншооти ёрирасон зарар расонид ва 81 қитъаҳои наздиҳавлигӣ зери об монданд.

“Барои ёрӣ ба оилаҳои осебдида, инчунин тоза кардани қубуру ҷӯйҳои обрасон, кӯчаву роҳҳои Урметан аз сангу лойқа, зиёда аз 200 нафар сокинони деҳа ва техникаи муҳандисӣ сафарбар карда шуданд. Рӯзи 29 июл 3 нуқтаи таъминот бо оби нӯшокӣ барқарор шуда, ҳозир аҳолӣ бо оби нӯшокӣ пурра таъмин аст”, – илова карданд дар Кумита.

Дирӯз дар қаламрави гузари Лангари ҷамоати деҳоти Урметан бо ҷалби 5 адад техникаи муҳандисӣ ва 270 нафар аҳолии деҳа роҳҳои байни гузарҳо, селпартоҳо ва гӯшаву канори хонаҳо аз аз сагу рег ва лойқа тоза карда шуданд.

Ба оилаҳои осебдидаи ҷамоати деҳоти Урметан аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба сифати кумаки таъҷилӣ 80-тогӣ кӯрпа (матрас), болишт, асбобу анҷоми ошхона ва лавозимоти гигиенӣ фиристода шуд.

Ҳукуматҳои Истаравшан, Панҷакент ва Шаҳристон ба оилаҳои осебдида маҳсулоти хӯрокворӣ фиристоданд.

Айни замон корҳо оид ба рафъи оқибатҳои офати табиӣ идома дошта, ҳаҷми зиёни расида муайян карда мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио