“Одам бе душман нест”. Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров садамаи нақлиётӣ бо иштироки муовинашро шарҳ дод

Нусратулло Салимзода, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, имрӯз, 31-уми июл, зимни нишасти матбуотӣ садамаи нақлиётӣ бо иштироки муовинаш Акбар Муҳиддинзодаро тасдиқ  карда, зикр намуд, ки ӯ ҳангоми рондани мошин маст набуд. “Акбар Муҳиддинзода соати 1 – и шаб модари беморашро ба беморхона мебурдааст, ки садама рух додааст. Ронанда не, балки пиёдагард маст буд. Илова бар ин, […]

Asia-Plus

Нусратулло Салимзода, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, имрӯз, 31-уми июл, зимни нишасти матбуотӣ садамаи нақлиётӣ бо иштироки муовинаш Акбар Муҳиддинзодаро тасдиқ  карда, зикр намуд, ки ӯ ҳангоми рондани мошин маст набуд.

“Акбар Муҳиддинзода соати 1 – и шаб модари беморашро ба беморхона мебурдааст, ки садама рух додааст. Ронанда не, балки пиёдагард маст буд. Илова бар ин, ягон одам бе душман нест”, – гуфт Салимзода.

Бояд закр намуд, ки қаблан расонаҳо оид ба садамаи нақлиётӣ бо иштироки муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иттилоъ дода, навишта буданд, ки ҳодиса моҳи майи соли ҷорӣ дар роҳи ҷамоати деҳоти Унҷӣ рух додааст ва бар асари он сокини ин маҳал Нодирҷон Назаров ҷон бохтааст.

Худи Акбар Муҳиддинзода дар нишасти матбуотӣ ҳузур надошт ва шарҳи ҳодиса аз забони худи ӯ маълум нест. Ҳамчунин, дақиқ нест, ки дар робита садамаи нақлиётӣ бо иштироки муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки боиси марги як нафар гардид, парванда боз шуда, таҳқиқ ҷараён гирифтааст ё не.

Мақомоти корҳои дохилаи кишвар низ расман ҳодисаи мазкурро шарҳ надодааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ