Расман: Вуруди мошинҳои соли бароришаш то 2013 манъ гардид

Имрӯз, 2-юми август, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти №355 “Дар бораи манъ намудани воридоти воситаҳои нақлиёти автомобилии соли бароришашон то соли 2013 ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон” содир шуд. Дар ин бора хадамоти матбуоти расҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад. Дар қарори мазкур зикр мегардад, ки он пас аз ду моҳ, яъне шурӯъ аз моҳи октябр қувваи амал […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Имрӯз, 2-юми август, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти №355 “Дар бораи манъ намудани воридоти воситаҳои нақлиёти автомобилии соли бароришашон то соли 2013 ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон” содир шуд. Дар ин бора хадамоти матбуоти расҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар қарори мазкур зикр мегардад, ки он пас аз ду моҳ, яъне шурӯъ аз моҳи октябр қувваи амал пайдо мекунад.

Гуфта мешавад, ки қарори мазкур бо мақсади таҷдиди парки нақлиётӣ, беҳтар гардидани сифати хизматрасонӣ, пешгирӣ намудани ҳолатҳои садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳо, ҳифзи муҳити зист ва коҳиш додани ҳаҷми партовҳо қабул гардидааст.

Муқаррароти қарор нисбат ба автомобилҳои барои интиқоли мусофирон, автомобилҳои сабукрав, автомобилҳо барои интиқоли борҳо ва автомобилҳои таъиноти махсусдошта татбиқ мегардад.

Таъкид мешавад, ки Хадамоти гумрук якҷо бо ВКД назорат, барасмиятдарории гумрукӣ ва бақайдгирии воситаҳои нақлиёти воридшавандаро мутобиқи қарори мазкур таъмин менамоянд.

Қаблан бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вуруди мошинҳои соли бароришашон то соли 2005 ба ҳудуди кишвар манъ карда шуда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст